Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Наҳзатиҳо роҳбари нав мехоҳанд?

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Дар сомонаи ифротии мутаалиқ ба хизматгори наҲзатиҲо – Сайидюнус як навиштаи Маҳмудхон Бурҳонов бо номи «Абармардгароӣ» гузошта шудааст, ки ҳам љиноят аст ва ҳам туҳмату бемантиқ. Зеро таҳқири Сарвари давлат тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

 Маҳмудхон Бурҳонов ҳам бародари Сайидюнус аст ва албатта мисли вай дар хизмати наҳзатиҳо ва доираҳои мазҳабии бегона қарор дорад. Ба хотири дарёфти чор танга ҳамин гуна матлабҳои туҳматангезу иѓвоангезона менависад. Дар аксар мавридҳо бародараш Сайидюунус ҳам аз номи вай чунин мақолаҳо менависад ва дар сомонаи худ мегузорад.

Эҳтимол фаъолони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби Наҳзати исломӣ ҳамон тавре ки муаллиф навиштааст,  пойбанди рўҳияи «абармардгароӣ» бошанд. Зеро М. Бурҳонов ҳам аъзои ҳамин ташкилот аст ва онҳоро хуб медонад. Шояд як қисми наҳзатиҳо аз амалҳои касифонаю палидонаи Кабирӣ хаста шудаанду  норозианд ва роҳбари наверо орзу мекунанд? ба ҳар ҳол, дар навиштаи  М.Бурҳонов ҳамин чиз, яъне норозигӣ аз роҲбари ТТЭ ҲНИ будани Кабирӣ баръало эҳсос мегардад.

Аммо беҳтар он аст, ки наҳзатиҳо, аз љумла М.Бурҳонов дарк кунанд, ки роҳи дуруст даст кашидан аз идомаи фаъолияти террористию ифротгароёна мебошад. Агар сад соли дигар ҳам наҳзатиҳо дар байни худашон «абармард» ва лидере ки мардум аз пайи вай мерафта бошад, кобанд, онро намеёбанд. Зеро чунин нафар дар байни тудаи љинояткорон буда наметавонад.

Мардуми Тољикистон  имрўз огоҳу озода аст, баду некро ба хубӣ мешиносад, таљрибаи талхи љанги шаҳрвандиро, ки аз тарафи наҲзатиҲо роҳандозӣ шуда буд, аз сар гузарондааст. Аз ин рў, дигар ҳељ гоҲ фирефтаи макри наҳзатӣ намегардад. Имрўз шаҳрвандони кишварамон дар атрофии сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданд ва барои ободии ватани худ љаҳд мекунанд.

Аммо дар байни кормандони сохторҳои Ҳукуматӣ ва умуман мардуми Тољикистон ягон хел рўҳияи «абармардгароӣ» мављуд нест. Шаҳрвандони кишварамон дар асоси қонун ва бо райъдиҳии мустақиму озод Сарвари давлатро интихоб кардаанд. Албатта хизматҳои Роҳбари мамлакат дар самтҳои барқарор кардани сулҳу оромӣ ва созандагию ободкорӣ беназиранд ва ин боиси қаноатмандию хурсандии мардуми кишварамон гардидааст. Яъне лидери ҳақиқӣ будан, кордонӣ, меҳнаткашӣ ва љасорати Сарвари давлат дар амал исбот гардидааст. Пас, чӣ тавр мардум онро қадр накунад?  ҳукумат ва мардуми Тољикистон аз касе «абармард» насохтааст. Балки Сарвари давлат дар байни мардуми худ ҳамчун Роҳбари ѓамхору тавоно ва шахси хоксор маҳбубияти самимона доранд.

Диловари Хуршед! таҳлилгар

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН