Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Экстремизм ва терроризм-оташи сузандаи ҳаёт

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Ҷавонону наврасони имрӯзаи мо воқеан як насли хушбахту комроне ҳастанд, ки барояшон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди орзуҳо ягон монеъае вуҷуд надорад. Ҳар касе, ки аз чунин Ватани осудаву обод ва рӯ ба тараққиёт овардаистода заррае норозигӣ баён кунад, чунин шахсро носипос ва намакношинос гуфтан ҷоиз аст. Зеро тақдири ҷавонону  рӯзгори талхи мардуми он сарзаминҳое, ки амалҳои террористию экстремистӣ дар он ҷойҳо қариб ҳар рӯз рӯ медиҳанд, пеши назар оварда, бояд шукронаи ин мулки биҳиштосои худро намуд.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонии бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани беҳатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳоли ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Рисолати омӯзгорон аст, ки дар қалби ҷавонону наврасон эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, муҳаббат ба арзишҳои муқаддаси милливу умумибашарӣ тарбия намуда, қалби онҳоро аз андешаҳои неку созанда пур намоем, то онҳо ягон зарра холигие барои андешаву афкори ғаразнок боқӣ намонад. Тавассути дарсҳои тарбиявӣ ва ташкили ҳар гуна чорабиниву маҳфилҳо, вохӯриву шабнишинҳо бо шахсони рӯзгордида ва чеҳраҳои шинохта мо омӯзгорон метавонем шогирдони худро аз оқибатҳои фаҷиабори амалҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намоед ва дар ин замина дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Барномаи давлатии «Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм» ҳиссагузор бошем.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси милливу умумибашарӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон буда, ба ин васила огоҳонидани онҳо аз оқибатҳои фалокатбори падидаҳое чун экстремизм ва терроризм мебошад. Таъкид мекунем, ки шогирдон айёми наврасону ҷавонони худро бояд сарфи илму донишомӯзӣ сарф намоянд. Аз ин рӯ, бояд онҳо пайваста дониш омӯзанд ва беҳтарин лаҳзаҳои умри хешро сарфи корҳои беҳуда накунанд.

 

ҲАМКОРОН