Ҷамоати деҳоти Гулхона

•Чоп•

Бобо ТурдибоевҶамоати деҳоти Гулхона бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1933 ташкил ёфтааст. Масоҳати умуми ҷамоати деҳоти Гулхона 682,8 км-ро дарбар мегирад. Дар ҷамоати деҳоти Гулхона зиёда аз 23445 нафар аҳоли зиндаги мекунад. аз он ҷумла: мардҳо: 11663, занҳо: 11782 дар бар мегирад. Идораи ҷамоати деҳоти Гулхона дар маркази деҳаи Навбунёд к. Б. Мирмуҳсинов б-р ҷойгир шудааст. Аз маркази ноҳия то ҷамоати деҳоти Гулхона 3 км-ро роҳ мебошад. Дар ҷамоати деҳоти Гулхона 11 то деҳа ҷойгир шудааст. Аз ҷумла: Гулхона, Навбунёд, Тоҷикобод, Маданият, Селкан, Лолазор, Саричашма, Баҳор, Баҳористон, А. Назаров, Дӯстй.7 то мактаби таълими миёнаи умумии, 2 то кӯдакистон, 2 то хона фарҳанг, 6 то хонаи саломатй, 8 то корхонаи хурди хиштбарори, 1 то фирмаи чорвопарварй, 7 то чойхона, 10 то мағоза мебошад.

Маркази савдои «Шамс»