Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Сомониён

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Ҷамоати деҳоти Сомониён, ноҳияи Ҷаббор Расулов вилояти Суғд соли 1933 дар асоси Қарори Шӯрои олии ССҶ Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Масоҳати умумй 2246 ҳазор м2 шумораи аҳолй 15721 нафар аз ҷумла 7854 мардҳо, 6864 занҳо ташкил мекунад. Дар ҷамоат тоҷикон 4112 нафар, ӯзбекон 11175 нафар, русҳо 7 нафар дигар миллатҳо 427 нафарро ташкил медиҳад. Қувваи қобили меҳнат ҳамагй 10137 нафар.Дар ҷамоат аз ёдгориҳои таърихй қалъаи «Хитойреза» мавҷуд мебошад. Маркази ҷамоат аз маркази ноҳия 6 км ва аз маркази вилоят 26 км воқеъ аст. дар ҳудуди ҷамоат 2 ассотсатсияи хоҷагиҳои деҳқонй, 5 то муассисаи то мактабй, 5 то мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумй, 1 то масҷиди ҷомеъ, 8 то масҷидҳои 5 вақта, 1 то беморхонаи марказй барои беморони сиркат, маркази саломатй фаъолият мебаранд.Ҷамоати деҳоти Сомониён дар суроғаи ноҳияи Ҷаббор Расулов деҳаи ӯзбекқишлоқ, кӯчаи Ленин №17 ҷойгир мебошад Бинои ҷамоат соли 1966 бунёд шудааст.

Айни ҳол дар бинои маъмурй ҷамоат 9 то утоқи корй барои кормандон як толори маҷлиси барои 80 ҷои нишаст ду адад компютер, як адад нақлиёти сабукрав барои пешбурди фаъолияти ҷамоат хизмат карда истодааст. Дар ҳамаи утоқҳои корй мизҳои курсй ва мезҳои корй мавҷуд мебошад.

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН