Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Деҳмой

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Моҳи октябри соли 1954 ҷамоати Шӯравии Деҳмой ба таркиби ҷамоати Шӯравии ӯзбекқишлоқ дохил карда шуд. Дар соли 1954 бошад аз таркиби ҷамоати Шӯравии ӯзбекқишлоқ баромади ҷамоати алоҳида шуд. 4 октябри соли 1958 ҷамоати Деҳмой таъсис ёфта, аз деҳаҳои Деҳмой, Қазноқ ва Қуланбош иборат буд. Маркази ҷамоат дар деҳаи Деҳмой ҷойгир буда дар соли 1963 бо сабаби муттаҳидшавии ноҳияҳои Нов ва Пролетар ҷамоати Деҳмой ба ҳайати ҷамоати Оқтеппа дохил шуд.Аз 2 январи соли 1969 ҷамоати Деҳмой ба ҳайати ноҳияи Пролетар дохил шуд. Дар давоми ин солҳо дар ҷамоат Ҷаббор Ёдгоров, Мирғолиб Ғоипов, Абдусаттор Эрназаров, Абдувоит Усмонов, Абдураҳмон Ҷӯрабоев, А. Сатторов, Неъмат Ахмедҷонов, Файзулло Абдуллоев, Сайфулло Бобоев, Абдунаби Мақсудов, О. Холматов, Майрамой Алиева ва Башорат Рӯзиеваҳо ҳамчуҷ Раис ҷамоат фаъолият бурдаанд. Бинои ҷамоат пеш сари роҳи деҳаи қазноқ ҷойгир буд. Дар соли 1996 ба бинои нав кӯчид.Аз соли 2012 бинои ҷамоат ба деҳаи Деҳмой гузаронида шуд. Ҳудуди ҷамоат 30,2 км2, хоҷагй - 2640, ахолй 14 ҳазор аст. Ҷойгиршавии аҳолӯ ба 1 м2 269 нафар рост меояд.

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН