Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маълумотнома

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Сохтори маъмуривӣ – ҳудудии ноҳия. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида, бо ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 328,5 километри мураббаъ буда, мутаносибан 1,3 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ишғол менамояд. Шумораи аҳолии ноҳия ба санаи 1-уми январи соли 2017-ум 133346 нафарро ташкил дода, дар ҳамаи 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чунин ба ҳисоб гирифта шудааст:

-       Ҷамоати шаҳраки Меҳробод              – 15443 нафар;

-       Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз              – 43673 нафар;

-       Ҷамоати деҳоти Гулхона                   – 25745 нафар;

-       Ҷамоати деҳоти Сомониён                – 17142 нафар;

-       Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав                 – 15357 нафар;

-       Ҷамоати деҳоти Деҳмой                    – 15986 нафар.

Ҳайати миллии аҳолии ноҳияро асосан намояндагони тоҷикон ва ӯзбекҳо ташкил намуда, намояндагони дигар миллатҳо низ дар он сукунат доранд. Ноҳия аз 6 ҷамоат иборат мебошад:

  1. Ҷамоати шаҳраки Меҳробод
  2. Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз.
  3. Ҷамоати деҳоти Гулхона.
  4. Ҷамоати деҳоти Сомониён.
  5. Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав.
  6. Ҷамоати деҳоти Деҳмой.

Шароит ва захираҳои иқлимиву табиӣ. Ноҳия дар мавзеи ҳамвори ҳавзаи дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушки контенинталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон аз 28 то 30 дараҷа гарм ва дар зимистон аз 0 то-6 дараҷа хунук мебошад. Омилҳои зикргардида ва замини ҳосилхез, асосан барои ба кишоварзӣ машғул шудани аҳолии ноҳия, шароити мусоид фароҳам овардаанд. Зироатҳои асосии дар ноҳия киштшаванда пахта, ғалладона, сабзавоту полезӣ ва меваю ангур мебошанд. Дар ноҳия чорводорию асппарварӣ ва паррандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва пиллапарварӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз канданиҳои фоиданок, дар ноҳия оҳаксанг ва захираи калони реги кварсӣ ҷой доранд ва аз онҳо маҳсулотҳои гуногуни керамикӣ коркард ва истеҳсол мешаванд.

Аз сабаби кам будани миқдори миёнаи боришоти солона (то 170-330 мм), ноҳия ба рушди соҳаи мелиоратсия (пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обтақсимкунанда) ва ирригатсия (каналҳо, заҳбӯру заҳкашҳо ва чоҳҳо) эҳтиёҷ дорад.

Дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани захираҳои гилхок ва оҳаксанг, барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишти пухта, қум, рег ва оҳак имконият фароҳам овардааст.

Вазъи демографӣ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шумораи аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрак бештар буда, он 88,0 фоизи шумораи умумии аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии деҳот аз 117903 нафар ва шумораи аҳолии шаҳрак аз 15443 нафар иборат мебошад.

Ҷадвали №1. Шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2016

Номи ҷамоатҳо

Миқдори хоҷагиҳо

Шумораи аҳолӣ (нафар)

Ҷамоати шаҳраки Меҳробод

2743

15443

Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз

6610

43673

Ҷамоати деҳоти Гулхона

4343

25745

Ҷамоати деҳоти Сомониён

2844

17142

Ҷамоати деҳоти Деҳмой

2889

15986

Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав

2584

15357

Ҳамагӣ

22013

133346

Аҳолии ноҳия аз миллатҳои гуногун иборат буда, қисми асосии онро тоҷикон ва ӯзбекҳо ташкил медиҳанд.

Диаграммаи №1. Ҳайати миллии аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҷадвали №2. Шумораи ҷинсии аҳолии муқимии ноҳияи Ҷаббор Расулов (дар охири сол, нафар)

Номгӯй

соли 2014

соли 2015

соли 2016

ҳамагӣ

мард

зан

ҳамагӣ

мард

зан

ҳамагӣ

мард

зан

Ҳамагӣ аҳолӣ

125295

61359

63936

128809

63249

65560

133346

66529

66817

Аҳолии шаҳрак

14765

7083

7682

15112

7262

7850

15443

7383

8060

Аҳолии деҳот

110530

54276

56254

113697

55987

57710

117903

59146

58757

Дар таркиби ҷинсию синну соли аҳолии ноҳия, шумораи ҷавонон ва одамони синну соли миёна зиёдтар мебошад.

Ҷадвали №3. Таркиби ҷинсӣ ва синну соли аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2016

Таркиби ҷинсию синну соли аҳолӣ

Ҳамагӣ

Аз ҷумла Духтарон/ занон

Фоизи Духтарон /занон

Наврасони то 14 сола

46200

23550

51,0

Одамони синну соли миёна

75746

37337

50,0

Одамони синну соли нафақа       (63 с. мардҳо/58 с. занҳо) ва калонтар

11400

5930

52,0

Ҳамагӣ:

133346

66817

50,1

Дар се соли охир аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби таваллуд ба миқдори назаррас зиёд гардидааст.

Ҷадвали №4. Афзоиши демографии аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Солҳо

Шумораи никоҳ

Шумораи таваллуд-шудагон

Шумораи фавтидагон

Афзоиши табии аҳолӣ

Афзоиши табиӣ аҳолӣ бо %

Шумораи умумии   аҳолӣ

2014

1367

3537

569

2968

2,3

125295

2015

1106

3444

566

2878

2,2

128809

2016

1090

3226

592

2634

2,0

133346

Аз шумораи умумии аҳолии ноҳия, аҳолии қобили меҳнат 40660 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ 34350 нафар, дар соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ 6310 нафар, аз он ҷумла, дар соҳаи саноат 870 нафар, дар соҳаи сохтмон 66 нафар, дар соҳаи кишоварзӣ 7481 нафар, дар соҳаи соҳибкории хурду миёна 1477 нафар, дар соҳаи нақлиёту алоқа 222 нафар, дар муассисаҳои буҷетӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сохтори давлатӣ) 6310 нафар ва дар дигар соҳаҳо 1013 нафар машғул мебошанд.

Тибқи маълумотҳои дастрасшуда, аз шумораи умумии аҳолии ноҳия 7257 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар соли 2016 аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 30 млн. 699,0 сомонӣ маблағҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 24,6 фоиз зиёд мебошад

 

 

Роҳбарияти ноҳия

Ноҳия дар расмҳо


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН