Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Таърихи ноҳия

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Тавсифи таърихиву фарҳангӣ. Таърихи ноҳияи Ҷаббор Расулов як қисми ҷудонашавандаи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То инқилоби октябр ноҳия яке аз уездҳои Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Дар асарҳои таърихӣ, номи ноҳия аз моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун стансияи Драгомирово қайд гардидааст. Мавзеъҳои қадимаи таърихии ноҳия маҳаллаҳои Қазноқ, Қуланбош, Деҳмой ва Ғӯлакандоз мебошанд. Бо пайвастшавии Осиёи Миёна ба Руссияи подшоҳӣ, дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аввалин корхонаҳои саноатӣ пайдо шуданд ва дар иқтисодиёт муносибатҳои капиталистӣ инкишоф ёфтанд. Соли 1875 дар деҳаи Деҳмой корхонаҳои винобарорӣ ва заводи шиша ба кор даромада, иқтидори он дар охири асри XIX ба 80 ҳазор адад шиша дар як сол расид. Дар деҳаи Хитойреза дар ҳамон давра осиёб сохта шуд. Дар деҳаи Ғӯлакандоз дар соли 1872 - 19 адад нуқтаҳои савдо амал мекарданд ва чунин нуқтаҳои савдо дар аввали асри XX дар деҳаҳои Гулхона ва Янгиҳаёт низ амал мекарданд. Яке аз иншоотҳои қадимии таърихию фарҳангии ноҳия, қалъаи Хитойреза буда, осори таърихи асри XVIII мебошад ва айни ҳол дар ҳудуди ҳозираи деҳаи Ӯзбекқишлоқ ҷойгир аст. Дар давраҳои гузашта, маҳсулоти асосии истеҳсоли маҳаллӣ, намудҳои гуногуни ғалладона, пахта, растаниҳои равғандор, якчанд намуди бодом ба монанди қорагӣ, каҷак, талх, сафед ва ғайра, навъҳои гуногуни ангур ва ширинӣ аз он, инчунин асбобу олоти кулогарӣ ба ҳисоб мерафт.

Заминҳои кишоварзӣ дар он давра бо истифода аз оби рӯди Исфанасой ва дарёчаи Хоҷа Боқирғон, тавассути ҷӯйборҳои Дашт, Олтиетим, Ӯрта ва Чолтош обёрӣ мешуданд. Намунаи дигари осори таърихии ноҳия, ки айни ҳол вуҷуд дорад, манораи обии дар соли 1898 дар стансияи Драгомирово сохташуда мебошад.

Аз 21 январи соли 1935 ноҳия номи Пролетарро гирифт ва аз соли 1994 ноҳия бо номи ноҳияи Ҷаббор Расулов номгузорӣ гардид.

 

Роҳбарияти ноҳия

Ноҳия дар расмҳо


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН