Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7

•Ноя•30

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон

•E-mail• •Чоп• •PDF•

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.

•Муфассал...•
 
•Ноя•29

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

•Муфассал...•
 
•Сахифаи 5 аз 164•

Роҳбарияти ноҳия

Ноҳия дар расмҳо


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН

Кормандони мақомот