Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
•Янв•10

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

•Муфассал...•
 
•Янв•10

Баҳри ислоҳи камбудиҳо бояд ҷаҳд намоем!

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Санаи 9-январи соли 2018-ум дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017 доир гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинон,  роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон иштирок карданд.

•Муфассал...•
 
•Сахифаи 173 аз 186•

Роҳбарияти ноҳия


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН

Кормандони мақомот