Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

•Ноя•19

Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Дирӯз дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кор, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта давоми даҳ моҳи соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

•Навгонихо• ( •20.11.2017 08:58• ) •Муфассал...•
 
•Ноя•19

Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид.

•Навгонихо• ( •20.11.2017 09:01• ) •Муфассал...•
 
•Сахифаи 178 аз 182•

Роҳбарияти ноҳия


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН

Кормандони мақомот