ВАҲДАТ-САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

image_pdfimage_print

27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисоди кишвар, маъсулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат истеҳком бахшид. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ имкон фароҳам омад, ки дар мамлакат ислоҳоти фарогир дар аксари бахшҳо ба роҳ монда шавад. Сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас бо истифода аз низомҳои муосири таълимӣ сифати нав касб кард. Зеро ба хубӣ эҳсос шуд, ки ҳар қадар насли ҷавон маърифатноку босавод шавад, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд. Мардуми соҳибмаърифату сулҳпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асоси пешрафти ҷомеа донистанд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат аст,аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, кина танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди омузиши истифода қарор гирифтаас. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ  намедиҳем, ки теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо -тоҷикон фахр месозем.  Дар ҳақиқат ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоди миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов