Ваҳдати миллӣ самараи ақлу хирад

image_pdfimage_print

Воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, дар таърихи пуршарафи халқи кӯҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста  Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид карда буданд: «Рӯзи Ваҳдат дар байни  ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад».  

Дар ин санаи ҳумоюн дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки яке аз комёбиҳои нодири халқ мебошад ва имрӯз аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро  эътироф намуданд.

Аҳамияти умумимиллии ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи калонро соҳиб аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар мамлакат ҷашнвораҳои  бузурги миллӣ бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардад.

Ваҳдату иттиҳод барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ вобастаи ин неруи сарнавиштсоз аст.

Вақте сухан аз Ваҳдати миллӣ равад, зеҳни инсон беихтиёр вориди таърихи начандон дури кишвар мегардад. Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта душманони миллати тоқик бо ҳар гуна фиребу дасиса тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯзанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳастии миллати тоҷик зери хатар монда, барои халқи азияткашидаи  тоҷик ба зиндагии шоиста умеде боқи намонда буд. Дар он гуна шароит танҳо сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ метавонист кишварро аз ин варта раҳо бахшад.

Дар ин айёми ҳассос, ки миллату давлат дар вартаи нобудӣ қарор  гирифт, фарзанди садоқатманд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида хитоб намуд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ин шиори Пешвои миллат мардумро руҳу тавон ва умед ба ояндаи нек бахшид. Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи хумоюн қарор дорем, ба назар чунин мерасад, ки он осону сода ба даст омада бошад. Аммо асли воқеа дигар аст. Барои ба имзо расидани ин созишнома чандин бор музокираҳои бебарори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо роҳбарони мухолифин дар шаҳрҳои мамолики ҳамҷавору ҳамзабони мо сурат гирифт. Ниҳоят бо изни Худованди меҳрубон ва хиради азалии Пешвои миллат Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Аз нигоҳи ақалияти таърихӣ агар истиқлолияти кишвар дар сарнавишти мардуми тоҷик ва умуман тоҷикистониён нақши калидӣ дошта бошад, Истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ на кам аз  он маҳсуб мегардад. Зеро он ҳама пешравию тараққиёте, ки имрӯз дар бораи онҳо бо ифтихор сухан мекунем асосан баъд аз ба даст овардани сулҳ рӯи кор омадааст. Яъне падидаи нодири Сулҳ пояҳои  Истиқлолияти давлатиро устувор намуда, барои  ташаккул намудани ҳаммаи самтҳои хоҷагии ҳалқ заминаҳои заруриро фароҳам овард.

Ҷоиз ба қайд аст, ки танҳо бо ба даст овардани сулҳ рисолати мо ба охир нарасидааст. Яъне ҳифз намудани он на кам аз ба даст овардани он аст ва имрӯз ҳамагон муваззаф ҳастем, ки ҳатто бар ивази ҷон онро ҳифозат намоем ва нагузорем, ки бори дигар ин миллат ба вартаи фано кашида шавад.   

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Б.