Ҳимояи хоки муқаддаси ватани соҳибистиқлол

image_pdfimage_print

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов субҳи санаи 22 июли соли 2021 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 «Дар бораи Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ» ва нақшаи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 16-ум ва 22-юми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба нақша гирифта шудааст, чорабинии омодабошии ҳолати ҷангӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буд, вале он осон ба даст наомад. Чун лаҳзае ба пас нигарем, ин саҳна равшан пеши назар таҷаллӣ мегардад, миллати куҳанбунёди тоҷик, ки ботини чун оби равон покиза, хираду заковати азалли дорад ҳама душвориҳоро паси сар карду ба ҳам омад ва дар як муддати кӯтоҳи таърихи он қадар ободӣ, созандагию бунёдкорӣ кард, ки ҳамсоягон аз он дар ҳайратанд. Поягузори ин ҳама комёбиҳои таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – анҷумани тақдирсози миллати тоҷик Сарвари давлат интихоб шуданд ва барои миллати тоҷик сулҳ эҷод карданду, дар сангинтарин вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ беш аз як миллион тоҷикони фирориро ба Ватан баргардонданд ва Тоҷикистонро аз порашавии ногузир наҷот доданд.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 баъд аз кушишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Барои мамолики атроф ва умуман ҷаҳониён сулҳофарии тоҷикон таҷрибаи нави таърихӣ дар олами сиёсат қаламдод шуд. Ақлу хиради азалии миллати тоҷик руйдоди бузурги таърихиро рӯи кор овард. Аз ҳамон вақт ин ҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомузад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Пас аз нисбатан ором шудан вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ҳамаи самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Дар чорабинии мазкур аъзои ситоди ҳолатҳои омодабошии ҷангӣ, ҳайати захиравӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва дар маҷмӯъ беш аз 1900 нафар иштирок намуданд.