Санаи 16 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар се моҳи аввали соли 2025 доир гардид.Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок доштанд.
Ҳамчунин, дар маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини якуми Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар се моҳи аввали соли 2025 ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилоту муассисаҳои ноҳия тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои сиёсати хирадмандона ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баён доштанд, равона намуда, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар давраи се моҳи аввали соли 2025 бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушд намуда истодаааст, ки имрӯз дар ноҳия 6855 нафар соҳибкорони хурду миёна фаъолият бурда истодаанд, ки аз ин 442 адад шахсони ҳуқуқӣ, 583 нафар соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 2884 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, 1699 адад бо патент, 1247 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатномаи махсус ва 2 адад намояндагони шахсони ҳуқуқии хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд.
Тибқи маълумотҳо дар се моҳи аввали соли 2025 аз тарафи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, ки дар ноҳия фаъолият менамоянд, ба соҳаҳои хоҷагии халқ барои дастгирии соҳибкорӣ ба маблағӣ 94 млн. 238 ҳазор сомонӣ қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва имтиёзнок дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 млн. 653 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ё ин ки 130 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон маълум гардид, ки шумораи қарзгирандагон дар ин давра ҳамагӣ 4267 нафарро ташкил менамояд. Дар ноҳия 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо 6 млн. 418 ҳазор доллари Иёлоти Мутаҳидаи Амрико аз худ карда шудааст: аз ҷумла;
1. Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ»:Дар доираи лоиҳаи мазкур дар 3 адад зеристгоҳҳо воридот ва васлу насби трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён ва ҳисобкунакҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар зеристгоҳҳо корҳои васлу насб ба анҷом расонида шуд. Инчунин дар зеристгоҳҳо корҳои иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ идома доранд.
Дар маҷмуъ аз оғози татбиқи лоиҳаи мазкур дар ноҳия 210 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико азхуд карда шудааст.
2. Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи “CASA-1000”Лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳия сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт ҷараёни тағйирёбанда ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар хатти интиқоли барқи 500 кВт ҷараёни тағйирёбанда корҳои тадқиқотӣ-геологӣ ба анҷом расонида шуданд.Аз худкунии маблағҳо дар ноҳия 1 млн. 434 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико -ро ташкил медиҳад.
3. Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории Covid-2019Дар доираи лоиҳаи мазкур барои дастгирии иловагии оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-солаи ноҳия дар давраи хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии Covid-2019 дар ҳаҷми 389 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакпулӣ ҷудо ва пардохт карда шудааст.
4. Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ”.Мақсади лоиҳа ин баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ байни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ ва устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд мебошад.Дар доираи лоиҳа таҷдиди қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди категорияи 1 ва категорияи 3 дар минтақаи Суғд қад- қади долони Бекобод (сарҳади Ӯзбекистон) – Конибодом корҳои сохтмонӣ идома дорад.Дар маҷмуъ, аз оғози татбиқи лоиҳа дар ноҳия 4 млн. 267 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз худ карда шудааст.
5. Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ”.Санаи 25 июни соли 2020 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосиатсияи байналмилалии рушд Созишномаи грантӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ”ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №165 тасдиқ карда шуд.Дар маҷмуъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар ноҳия 22,2 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз худ карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои расидан ба мақсади доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххасро андешида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 1- уми апрели соли 2025 дар ноҳия 67 адад корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 40 адад фаъолияташон доимӣ ва 27 адад мавсимӣ мебошад, ки дар корхонаҳои зикршуда дар ин давра 777 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар семоҳи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 91 млн. 867 ҳазор сомонӣ расонидаанд.Дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия 150 метри мукааб рег, 3230 метри мукааб хок, 8669 тонна орд, 474 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 2 тонна қаймоқ, 73 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 2 тонна ҷуворимаккаи шириншуда, 9820 дона либоси мактабӣ, 132 метри мукааб пеноблок, 2798 тонна қуми кварсӣ, 141 метри мураббаъ дару тирезаҳои пластикӣ, 602 тонна нахи пахта, 200 тонна ресмони пахтагин, 697 ҳазор дона хишти бинокорӣ ва 12 тонна моеи зарфшӯӣ истеҳсол кардаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба амалӣ гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар доираи ин ҳадаф дар ноҳия 25 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 500 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, то имрӯз дар ноҳия 44 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил карда шуда, аз ин шумора 19 адад корхонаи нав ва 25 адад корхона аз Шаҳодатнома тариқи гузариш ба соҳаи саноат ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 470 ҷойи корӣ таъсис гардидааст.
Тибқи маълумотҳо корхонаҳои навтаъсис бо 15 намуди истеҳсоли маҳсулотьо, аз ҷумла хӯроки омехтаи парранда ва чорво, ресмони дунӯга, коркарди пахта, ҷуворимаккаи шириншуда, маҳсулотҳои қаннодӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, моеъи зарфшӯӣ, хишти сементӣ, хишти пухта, пеноблок, моеъ барои шӯстани оинаи воситаи нақлиёт ва дӯхти либоси мактабӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Дар ин давра мувофиқи ноҳия ба миқдори 37 млн 797 ҳазор киловат соат қувваи барқ истифода шуда, маблағи ҳисобидашудаи он 15 млн 26 ҳазор сомонӣ буда, маблағи пардохти он 14 млн 911 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба маблағи ҳисобидашуда 115,4 ҳазор сомонӣ кам ё ин, ки 99,2 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 23 млн. 241 ҳазор киловат соат қувваи барқ дода шуда, пардохти он 7 млн. 655 ҳазор сомонӣ ё 105 фоизи барқи истифодашударо дарбар мегирад. Ба санаи 1- уми апрели соли 2025 қарзи қувваи барқ ба маблағи 15 млн. 943 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, таъмини босуботи озуқаворӣ дар ноҳия ба самти ин соҳа вобастагии зич дорад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар се моҳи аввали соли 2025 ба 111 млн. 856 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 млн. 510 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 117 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла: соҳаи растанипарварӣ 274 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101 фоиз, соҳаи растанипарварӣ 111 млн. 582 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 млн. 507 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 117 фоиз ва соҳаи моҳипарварӣ 105 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, суръати афзоиш 102 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати зиёд намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ, алалхусус маҳсулотҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои ҳоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ кишти зироатҳои баҳорӣ ба майдони 3560,8 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 117 фоиз ё ин, ки 516 гектар зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки барои соли 2025 кишти дурнамои пунбадона 5690 гектар ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 15 апрели соли ҷорӣ 2605 гектар кишт карда шуд, ки 46 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳо ба майдони 1948 гектар ғалладона ва лубиёгиҳо бе ҷуворимакка кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 117 фоиз, аз ҷумла гандум 116 гектар, ҷуворимакка барои дон 99 гектар 142 фоиз, картошка 137 гектар 101 фоиз, сабзавот 708 гектар 114 фоиз, аз ҷумла пиёз 660 гектар 116 фоизро ташкил дода, кишти зироатҳои баҳорӣ бо маром идома дорад.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 600 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи дархосту пешниҳод нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, нақшаи чорабинии мазкур аз 600 банд иборат буда, маблағи он 342 млн. 381 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Ба ҳолати 1- уми апрели соли ҷорӣ 452 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, маблағи сарфшуда 203 млн. 588 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ки дар умум 75 фоизи нақша иҷро гардидааст, дар иншоотҳои ҷашнӣ 876 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Дар се моҳи аввали соли 2025 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 22 миллиону 128 ҳазор сомонӣ маблағгузориҳои асосӣ иҷро шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба зиёд, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 17 млн. 55 ҳазор сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148 фоиз ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 22 миллиону 120 ҳазор сомонӣ иҷро гардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1,7 маротиба зиёд мебошад.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ, бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар се моҳи аввали соли 2025 ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 36 миллиону 252 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 2 миллиону 528 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба буҷети маҳаллии ноҳия 21 миллиону 918 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид ва барзиёд иҷрошавӣ 2 миллион 295 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли 110,5 фоиз таъмин карда шуд.Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 38 миллиону 527 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 38 миллиону 526 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 100,0 фоизи нақша мебошад.
Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 29 миллион сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 7 миллион сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99 ҳазор сомонӣ, фарҳангу варзиш 698 ҳазор сомонӣ, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 1,0 млн сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, 326 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 144 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 38 миллиону 526 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 100,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба беҳдошти рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус зоҳир намуда истодааст.Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 966 км роҳҳои автомобилгард буда, аз он 32 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 6 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 217 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, 707 км роҳҳои байни хоҷагиҳо ва 4 км роҳҳои хоҷагии коммуналии рифоӣ ташкил медиҳад.
Барои соли 2025 мувофиқи ноҳия таъмири 91 км роҳҳо, аз ҷумла 12,0 км таъмири асосӣ, 34 км таъмири ҷорӣ ва 45 км шағалпӯш намудан ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 5 млн. 336 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 180 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 млн. 544 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 3 млн. 548 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ, 9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва 54 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.Ба ҳолати 1- уми апрели соли 2025 иҷрои нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 13,5 км ё ин, ки 15 фоиз буда, аз он 1,0 км таъмири ҷорӣ ва 12,5 км шағалпӯш намудан, иҷро гардидааст.
Дар ин давра аз ҳамаи сарчашмаҳо барои таъмиру тармими роҳҳо ба маблағи 156,0 ҳазор сомонӣ аз он ҷумла аз буҷети вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,0 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 36,0 ҳазор ва аҳолӣ 114,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Босуръат идома пайдо кардани бунёду навсозии иншоотҳои соҳаи маориф барои дар шароити муосир таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зеро дар ҷараёни таҳкими давлатдории миллӣ омода кардани мутахасисони соҳибкасб ниҳоят муҳим буда, Ҳукумат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф ва ислоҳоти соҳа дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аҳамияти махсус медиҳад, ки амалисозии ин раванд аллакай самараи дилхоҳ дода истодааст.
Дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 4 ҳазору 857 тарбиятгиранда ва 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей барои ханандагони болаёқат, 1 гимназия, 2 муассисаи таҳсилоти умуми ибтидоӣ, 1 мактаб-кӯдакистон, 38 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 30 ҳазору 722 нафар хонанда фаъолият мебаранд.
Инчунин, дар ин давра 1 ҳазору 897 нафар омӯзгорон дар соҳаи маориф кору фаъолият менамоянд, ки аз он 1 ҳазору 697 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 91 нафар олии нопурра ва 109 нафарашон дорои маълумоти миёнаи махсус мебошад.
Дар давоми се моҳи аввали соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилали Архимед 981 нафар иштирок намуда, 202 нафар аз он 29 нафар медали тилло, 55 нафар медали нуқра ва 118 нафар медали биринҷӣ мушарраф гардида, дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Соҳаи ҳифзи сиҳатии омма албатта аз ҷабҳаҳои муҳим ба шумор рафта ғамхориҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт густариш меёбад.
Дар ноҳия шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 200 нафар буда аз рӯи категория 108 нафар, 72 нафар дорои категорияи олӣ, 21 нафар дорои категорияи якум ва 15 нафар дорои категорияи дуюм мебошад. Кормандони миёнаи тиббӣ 846 нафарро ташкил медиҳад, бояд қайд намуд, ки дар ноҳия як адад беморхонаи марказӣ бо 290 кат ва се адад беморхонаи минтақавӣ, бо 185 кат, фаъолият мебаранд.Инчунин як маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 бунгоҳҳои тиббӣ ва се марказҳои махсусгардонидашуда ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.
Дар ин давра ҳолатҳои бақайдгирифташудаи касалиҳои сироятӣ дар умум 232 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 адад кам гардидааст. Дар давоми се моҳи аввали соли 2025 аз буҷаи ноҳия барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 7 млн. 590 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 50 ҳазору 100 нафар, аз он 25 ҳазору 952 нафар духтар мебошад.Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия 27 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 50 майдончаи варзишӣ ва 5 мактаби варзишӣ фаъолият доранд.
Дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар самти варзиш назаррас буда, дар се моҳи аввали соли 2025 варзишгарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аз он дар мусобиқаҳои вилоятӣ 55 медали тилло, 28 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 3 медали тилло, 6 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 1 медали тилло, 15 медали нуқраро ба даст овардаанд.
Дар се моҳи аввали соли 2025 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 414 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз он 359 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва 55 адад муроҷиатҳои шифоҳиро ташкил медиҳад.
Аз 359 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 269 адад аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуда, 90 адад ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баррасӣ дастрас карда шудааст.
Муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад кам мебошад.Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби Раиси ноҳия 55 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар кам буда, масъалаҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар идома, вобаста ба самтҳои алоҳида аз муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баромадҳои хеш роҷеъ ба иҷрои нақшаю барномаҳои давлатӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, захираи маҳсулоти зарурии озуқаворӣ дар ҳар як оила, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт бартараф намудани камбудию норасогиҳои мавҷудаи соҳаҳо ибрози назар карда, таклифу пешниҳодҳои зарурӣ доданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия зикр гардид, ки ҳамаи он эроду пешниҳодҳое, ки дар маҷлис таъкид намуданд, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо фаъолони ноҳия бартараф намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талош ва барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида шуда, тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулият ва саҳми худро хоҳанд гузошт.
Сипас, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек маҷлиси фаъолони ноҳияро ҷамъбаст намуда, барои идомаи фаъолият барои давраҳои ҳисоботии оянда дар назди масъулин вазифагузориҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2025 ба анҷом расид.
