ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР СОЛИ 2024

image_pdfimage_print

Санаи 11 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 доир гардид.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ширкат варзиданд.Ҳамзамон дар маҷлиси фаъолон, муовини якуми Раиси ноҳия, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳия Муталибзода Зумрад оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 451 миллиону 945,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллиону 1,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш, бо назардошти индекси нархҳо, 106,7 фоиз таъмин карда шуд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 600 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, маблағи он ба 342 миллиону 381 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Аз нақшаи умумӣ 448 банд иҷро гардида, маблағи сарфшуда 184 миллиону 961 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиши он ба 74,6 фоиз баробар буда, дар маҷмӯъ 864 ҷойи корӣ нав таъсис дода шуд.
Инчунин, дар давоми соли 2024 аз 160 банд нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, 276 банд иҷро карда шудааст, ки фоизи иҷроиши он ба 172,5 фоизи баробар буда, маблағи сарфшуда 58 миллиону 840 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, дар давраи сипаришуда зиёда аз 448 иншооти сохтмонӣ, аз ҷумла 14 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 2 адад тандурустӣ, 5 адад маориф, 4 адад майдончаҳои варзишӣ, 61 адад хизматрасонӣ, 15 иншоотҳои савдо ва хӯроки умумӣ, 15 км роҳ асфалтпӯш, 1 адад пули мошингузар, 6 бинои истиқоматӣ ва 335 адад дигар иншоотҳо сохта, ба истифода дода шуд.
Соли 2024 кишоварзони ноҳия ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи зиёда аз 1 млрд 364 миллиону 300,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсол ба 117,2 фоиз баробар мебошад. Дар соли сипаригашта ба миқдори 40 ҳазору 82,5 тонна ғалла, 7 ҳазору 332,7 тонна пахта, 6 ҳазору 886,9 тонна картошка, 3 ҳазору 94,7 тонна полезиҳо, 76 ҳазору 571,3 тонна сабзавот ва 7 ҳазору 84,5 тонна мевагиҳо истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғаллагиҳо 2 ҳазору 222,0 тонна, картошка 1 ҳазору 281,4 тонна, полезиҳо 463,7 тонна, сабзавот 21 ҳазору 154,9 тонна ва мевагиҳо 1 ҳазору 975,9 тонна зиёд мебошад.
Дар соли 2024 дурнамои кишти зироати пахта ба масоҳати 5690 гектар пешбинӣ гардида, иҷрои он дар масоҳати 4002,5 гектар таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 352 гектар зиёд мебошад.
Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, тибқи маълумоти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки вилоят дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо 3,9 миллион доллари Иёлоти Мутаҳидаи Амрико маблағ аз худ карда шудааст. Дар соли 2024 таъмиру тармими роҳ ҳамагӣ 110,8 км буда, аз он 14,0 км мумфаршкунӣ (179,4 фоиз) 33,6 км таъмири ҷорӣ, (104,3 фоиз) 63,2 км шағалпӯш (142,9 фоиз) иҷро гардидааст, ки дар умум иҷрои нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия 131,5 фоизро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2024 ба маблағи 576 млн сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш бошад нисбат ба соли гузашта 109,0 фоизро ташкил намуд. Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия, бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар соли 2024 ба андозаи 109,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 111 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 9 миллиону 643 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2024 ба буҷети маҳаллии ноҳия 78 миллиону 953 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 7 миллион 871 ҳазор сомони зиёд буда, нисбат ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли 111,1 фоиз таъмин карда шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 131 миллиону 834 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 131 миллиону 827 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 100,0 фоизи нақша мебошад.
Дар ноҳия 43 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият карда, 30 ҳазору 722 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 287 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 шумораи хонандагон 259 нафар зиёд шудааст.
Айни ҳол дар ноҳия 19 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 адад муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 4 ҳазору 591 кӯдак ва 43 адад муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 адад литсей барои хонандагони болаёқат, 1 адад гимназия, 2 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 1 адад мактаб-кӯдакистон ва 38 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 30 ҳазору 722 нафар хонанда бо 1 ҳазору 893 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд.
Дар давоми соли 2024 дар ноҳия 3 адад муассисаи давлатии таълимӣ, 1 адад муассисаи хусусии таълимӣ, аз ҷумла 48 адад синфхонаи иловагӣ бо 2640 ҷойи нишаст дар ду баст ва 4 адад майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардори қарор дода шуд.
Инчунин, дар давоми соли 2024 сохтмони 2 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 2 адад маркази саломатӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой ва Сомониён ба анҷом расонида шуд.
Ҳамчунин 7 адад шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия ба пуррагӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминнокии муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ аз буҷети ноҳия барои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба маблағи 27 млну 232,3 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Дар соли 2024 дар ноҳия 6 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 адад майдончаи варзишии хурди футбол, 1 адад майдончаи волейболии соҳилӣ, 2 адад толори варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша сохта ба истифода дода шуд. Баъдан аз ҷониби Раиси ноҳия музокираҳо оғоз карда шуда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин зимни суханронӣ натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои афзун намудани дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, истифодаи оқилонаи заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ, дар сатҳи баланд омодагӣ дидан ба интихоботи вакилони халқ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин дастуру супоришҳо ва тавсияҳои муфид доданд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, ба роҳбарону фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин, маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек барои соли 2025 ҷамъбаст карда шуд.