Ҷашни миллии Иди «Сада» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Санаи 27 январи соли 2023 дар назди қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷашни миллии Иди «Сада» таҷлил гардид.Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хоса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешаванд, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрези мекунанд.Иди Сада бо «Карнайбазм»-и бахши фарҳанги ноҳия ифтитоҳ гардида, аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масофаи зиёда аз 30 метр намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва тухмиҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ дар масофаи беш аз 100 метр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунармандӣ ва бо гулханафрӯзии идона, намоиш дода шуд.Дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ иштирок намуда тамоми қишрҳои ҷомеъаро бо Иди миллии «Сада» табрик намуд.
Баъд аз табрикоти раиси ноҳияи аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болитахории иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.