Табрикии кормандон ва кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати зодрӯзи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек
Муҳтарам Раис!
Бо камоли эҳтиром, самимияти беандоза ва таманниёти беназир ҳузури ин рӯзи муборакро, ки Шумо имрӯз ҷашни фархундаи зодрӯз доред аз номи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кулли сокинону ҷавонону ноҳия самимона шодбош мегӯем. Бо беҳтарин орзуву нияти нек аз умқи дил аз аввалинҳо шуда, дар радифи аввал ба Шумо саломативу сарбаландӣ, хушиқболиву пирӯзӣ, дарозумрӣ, маҷмӯи хушиҳои олам, муваффақияту комёбиҳои беш аз пеш ва фатҳи қуллаҳои баланди хизмати давлатиро таманно дорем!Бешак метавон заковату азму иродаи устувору матин, дурнигарӣ, нексириштиву поквиҷдонӣ, софдилӣ, содиқият ба халқу Ватан, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварии Шуморо ҳамчун фарзанди фарзона, ки баҳри саҳмгузорӣ дар шукуфоиву пешрафти ноҳияи Ҷаббор Расулов равона шудааст, пай бурда, эътироф сохт.
Бо эҳтиром изҳор медорем, ки шахсият ва заҳмату фидокориҳои Шумо баҳри ободонии ноҳияамон намунаи ибрати дигарон аст, зеро талошу хизматҳои шабонарӯзиатон баҳри таъмини сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, ки ин омил барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ мусоидат менамояд.
Ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Шумо ҳамчун кадри ҷавон, дорои масъулияту завқи баланд дар вилояти Суғд ноҳияи Ҷаббор Расуловро роҳбарӣ менамоед ва ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, Шумо дар тӯли ду сол тавонистед ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба як макони зебову обод табдил додед, ки ҳамаи мардум заҳмати Шуморо дар ин ҷода шоистаи таҳсин медонанд.
Маҳз бо заҳмати Шумо ноҳияи Ҷаббор Расуловро имрӯз ҳамагон чун ноҳияи ободу сарсабз мешиносанд…Аҳсан мегӯем ба модаре, ки чунин фарзандро ба дунё овардаву шахси ватандӯсту созандае тарбият намудааст.Роҳбариву роҳнамоии Шумо омил гашт, ки мо аҳли ноҳияи Ҷаббор Расулов дар кишвари маҳбубамон ба натиҷаҳои назаррас бирасем. Арзи сипоси беканори худро бо истифода аз фурсати муносиб иброз медорем.
Мо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов шукронаи он менамоем, ки мисли Шумо роҳбари дурандешу хирадманд ва одилу пуртаҷриба дорем. Яке аз дастоварди бузургтарини сокинони ноҳия ин мисли Шумо роҳбар доштан мебошад.
Маҳз бо роҳбарии Шумо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ноҳия амалӣ гардида истодааст, ки дар ин замина аз номи тамоми сокинони ноҳия ба Шумо муҳтарам Раис ваъда медиҳем, ки минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Шумо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем бурд.
Заҳматҳои Шумо баҳри рушди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кӯшишҳои бевоситаи Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, барои мо хеле арзишманданд.
Мо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Шуморо идеали худ меҳисобем.Аз хандаи баст ҳамеша хуррам бошед,Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.Мо дасти дуо баҳри Шумо бардоштем,Эй дидаву дил, дур зи ҳама ғам бошед.
Бо изҳори самимият, эҳтирому эътиқод ва ихлоси бепоён Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек Шуморо ба муносибати зодрӯзи хуҷастаатон табрику муборакбод намуда, сиҳату саломатӣ, умри дарозӣ бо баракат, тану ҷони сиҳат, хотири осуда, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обруву нуфузи ҷовидонаро орзу намуда, хоҳони он ҳастем, ки доим бо пайвандонатон дар амон бошед.
Мо хизматчиёни давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов —
Тамоми рӯйи дунёро бароятон бод мегӯем, Ҳамеша сарбаланду хонаатон обод мегӯем, Бубинед, умр яксаду ҳаштод мегӯем, Шуморо бо зодрӯзатон мо муборакбод мегӯем!!! Имрӯз дуои пиру барнои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва самимитарин орзуҳои сокинони ноҳияамон бо Шумоянд.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК ИФТИХОРУ ИДЕАЛИ КУЛЛИ МАРДУМИ САРБАЛАНДИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ МУҲТАРАМ РАИСИ НОҲИЯ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК!
Бо самимияти афзун – кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов





