ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ БОНУИ СИЁСАТМАДОР – РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД!
Табрикии роҳбарият, кормандон ва кулли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ифтихори зодрӯзи Раҳмон Озода Эмомалӣ!
Зодрӯзи Раҳмон Озода Эмомалӣ, ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ муборак бошад. Шуморо дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватандӯстӣ, маърифатпарварӣ, бунёдкорӣ, ташаббускорӣ, масъулиятнокӣ, ғамхорӣ нисбати модарону бонувон мешиносанд ва арҷ мекунанд.
БОНУИ АРСАИ ҶАҲОНӢ – МУАЛЛИМАИ АЗИЗ МУҲТАРАМ РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кулли сокинон Шуморо бо ҷашни фархундаи милоди мубораки умр самимона таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати зиндагӣ ва қуллаҳои баланди фаъолияти пурзаҳмати меҳнатӣ таманно менамоем.
ЗИ НОМИ МАРДУМОНИ АҲЛИ КАЙҲОН, ЗИ ЭЪҶОЗИ ҲАЗОРОН ТОҶИ ДАВРОН. ЗИ ЭҶОДИ МУБОРАКРӮЗӢ ИНСОН, МУБОРАК ЗОДРӮЗ ОЗОДА РАҲМОН!
Мавлуди мубораки Шумо, ки аз оғози соли нави мелодӣ мужда мерасонад, на танҳо паёмаде аз навгониҳову некрӯзиву хушбахтиҳо дорад, балки худи Шумо муждарасонед аз фардои дурахшон, аз ояндаи неки Тоҷикистон!
Шумо бар зами бори хонаводагӣ, бори гарони вазифаи пурмасъулияти давлатиро ба душ гирифта, мисли падари ҷонфидои миллат, ки Пешвои муаззами миллат ва бузургтарин сарвари замон аст, дар раванди пешбурди корҳои азими кишвардорӣ, таъмини шаффофияти адолати иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёт, ҳифз ва афзун намудани дастовардҳои мамлакат, хосатан, занону бонувон, дар маҷмӯъ, барои ҷомаи амал пӯшонидан ба тани орзуҳои наҷиби ватандорӣ ҷаҳду талоши беандоза менамоед.
Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун кадри баландихтисос, сиёсатмадори дурандеш ва ходими касбии давлатӣ бо дониши амиқ, таҷрибаи ғании сиёсиву дипломатӣ ва масъулиятшиносии баланд дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар баробари ин ҳиссаи назарраси Шумо дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон босазо эҳсос мегардад.
Имрӯз фаъолияти пурмасъулияти Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувор ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар нақши муҳим мебозад.Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дар воқеъ занону бонувони кишвар дар симои Шумо ҳамчун роҳбари дурандеш ва намунаи равшани бонуи муваффақ ва сиёсатмадори соҳибфарҳангро дар низоми идоракунии давлатӣ мушоҳида намуда, ҳамчун идеали воқеии худ ба Шумо такя ва пайравӣ мекунанд. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Шумо, сокинони шарифи кишвар ва кулли хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи шоиста амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талоши бештар намуда, ҷиҳати истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳем намуд.
Дар ин рӯзҳои хушу хуррам бори дигар ҷашни мубораки зодрӯзи умрро ба Шумо роҳбари оқилу дурандеш таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама бурдборӣ, муваффақият ва дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатдории навини миллӣ зафармандиҳои пайвастаро таманно дорем.
ҶАШНИ МАВЛУД МУБОРАК БОШАД БОНУИ СИЁСАТМАДОР ВА МОДАРИ МЕҲРУБОН МУҲТАРАМ РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ!
Бо камоли эҳтирому самимият – роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов


