ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ – МУМФАРШКУНИИ НАВБАТӢ ДАР РОҲИ АСОСИИ ДЕҲАИ ХИТОЙИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАЁТИ НАВ БА МАСОФАИ ЗИЁДА АЗ 1 КИЛОМЕТР
Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим (мумфаршкунӣ бо асфалти гарм, таъмири ҷорӣ ва ғайра) ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти хоса зоҳир карда шуда истодааст.
Бо мақсади дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои таъмиру мумфаршкунӣ, ин тадбирҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳатто дар рӯзҳои нисбатан хунук низ бомаром идома дошта, барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати сокинони ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намоем, ки тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сарҷамъиву муташаккилии аҳли ҷамоатчигӣ барои ободу зебо гардонидани маҳал сурат гирифта, ҳамовозӣ ва пайгирӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо чунин ҳадаф, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти ҷараёни мумфаршкунии роҳи асосии деҳаи Хитойи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия иштирок намуда, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшавандаи деҳаи Хитойи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав зиёда аз 1 километр ва паҳнои он 6 метр мумфарш мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи асосии деҳаи Хитойи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаю сокинони деҳа баҳри ободии Ватан ба роҳ монда шудааст. Дар суҳбати озоди сарироҳӣ роҳбари ноҳия Юлдошзода Олимбек бо мардуми маҳал ва бунёдкорон, ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Қайд карданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон – Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем.
Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаи худ саҳми худро мегузоранд.


