ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА МУМФАРШКУНӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАРКОРИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМОЙ БА МАСОФАИ ЗИЁДА АЗ 4,2 КИЛОМЕТР БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 13 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла дар мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ – кӯчаи ба номи Мирзобек Қарабоев-и деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи ба номи Мирзобек Қарабоев-и деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой зиёда аз 4,2 километр ва паҳнои он 5 метр мумфарш мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Мирзобек Қарабоев-и деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шахсони саховатпешаю соҳибкорон ва сокинони деҳа ба роҳ монда шудааст. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар доираи шиносоӣ, боздид аз рафти корҳои мумфаршкунӣ, дар суҳбати озоди сарироҳӣ бо соҳибкорон ва сокинони ҳимматбаланду ватандӯст ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Зикр намуданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон – Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем.
Изҳор доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сол то сол обод гардида истодааст, ки ин метавонад дар рушду густариши минбаъдаи ноҳия мусоидат намояд.
Сокинони маҳаллаи мазкур таъкид менамоянд, ки асфалтпӯш гардидани роҳҳо имкониятҳои хубро фароҳам меоварад. Сокинон ташаббусҳои ободониро дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, иброз медоранд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба болоравии сатҳи зиндагӣ ва рушду пешрафти маҳаллаҳо заминаи устувор мегузорад.
Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаҳои худ саҳми босазо мегузоранд.



