ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

Ҳамдиёрони азиз,

Собиқадорон ва кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷаббор Расулов!

Боиси хушнудист, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли хизматчиёни баору нанги Хадамоти давлатии оташнишониро бо иди касбиашон самимона таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва маҷмӯи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Басо рамзест, ки дар замони соҳибистиқлоли кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳайё намудани шароити кору фаъолият дар сохтори хадамоти давлатии оташнишонӣ, омӯзиш ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандон, таъмин намудани сохторҳои ин ниҳоди муҳим бо таҷҳизоти техникӣ ва лавозимоти зарурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Чӣ тавре ​Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳифзи ҷону моли шаҳрвандон ва муҳофизати иншооти муҳими давлатӣ аз ҳар гуна хатару офатҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти бузурги сохторҳои масъул мебошад.» Ин суханон моҳият ва аҳамияти бузурги хизмати фидокоронаи шуморо дар роҳи таъмини амнияти ҷамъият ва оромӣ пурра бозгуй мекунанд.

Фаъолияти ҳаррӯзаи оташнишонон аз ҳар як корманд ҷасорат, фидокорӣ, омодабошии доимӣ ва касбияти баландро талаб менамояд. Шумо бо хатари калон ба ҷони худ ҳамеша омодаед, ки ба кумаки одамон бирасед, молу мулки шаҳрвандон ва амнияти иншооти муҳими давлативу шахсӣ ва ҷамъиятиро аз чанголи оташ ҳифз намоед.​

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба боло бурдани сатҳи таҷҳизонидани техникии соҳа ва беҳтар кардани шароити кории оташнишонон диққати махсус зоҳир менамоянд.Фаъолияти кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ дар самтҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор ба роҳ монда шуда, хушбахтона хизматчиёни ҷасуру матниродаи ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз иҷрои вазифаҳои хизматии хеш сарбаландона баромада истодаанд.

Боварии комил дорем, ки минбаъд низ бо илҳом аз сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони матниродаи хадамоти давлатии оташнишонӣ ба савганди садоқати худ содиқ монда, рисолати пуршарафи худро сарбаландона иҷро хоҳанд кард. Дар робита ба тавъам будани масъалаҳои зикршуда аз ҳамаи сокинону меҳмонони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш даъват ба амал меорам.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар рӯзи кормандони хадамоти оташнишониро ба кулли хизматчиёни соҳа таҳният гуфта, бароятон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно дорам!

Иди касбӣ муборак!

Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек