«Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 4 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, собиқадорон, роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек кормандони мақомоти андозро ба рӯзи Иди касбиашон табрик намуда, таъкид карданд, ки “Мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад.
Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кӯшиш менамоянд”.
Инчунин, изҳор гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 4 май рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз ҷашн гирифта мешавад.
Таъкид гардид, ки соҳаи андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.
Бе соҳаи андоз ҳеҷ як давлат тараққӣ карда наметавонад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек кормандони мақомоти андози ноҳия барои саҳми назаррас дар пешбурди сиёсати андоз, ҳиссагузорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.






