Санаи 2-уми марти соли 2020 дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ

Санаи 2-уми марти соли 2020 дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми январи соли 2020, таҳти №3 «Оид ба омода намудани техникаҳои кишоварзӣ барои муташаккилона гузаронидани кишти баҳории соли 2020 ва барои гузаштан ба «Хатти тайёр» дар заводи пахтатозакунии ҶСП «Суғд стандарт коттон» бо техникаҳои кишоварзӣ шиносоӣ баргузор гардид.
Дар шиносои мазкур сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд муҳтарам Бобозода Хайрулло, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Тоҳир Қудратзода, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, Раисони Ҷамоатҳо, ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия ва механизаторҳои Ҷамоатҳо иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода ба сухан баромада кишоварзони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расуловро баҳри амалӣ намудани супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамешагии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми нерӯ ва имкониятҳои мавҷудаи хешро ҷиҳати истифодаи пурсамар ва оқилонаи замин, об афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла кишти мавсими баҳорӣ равона сохта, дар ин соли пурфайзу пуршукуҳ ва дар партави идҳои фараҳманди 23-солагии Ваҳдати миллӣ, 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнатҳои пурсамар ва бобаракат ҷашн гирифтанд даъват намуданд.
Инчунин дар давоми суханронӣ Тоҳир Қудратзода раисони Ҷамоатҳо ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳияро бо дурнамои кишти зроатҳои кишоварзӣ шинос намуданд.




АРТИШ СИПАРИ ДАВЛАТ АСТ.

Санаи 22 феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия чорабинии идона бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, ҳамчунин кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохили дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар таклифшудагон иштирок доштаанд.
Дар чорабини мазкур Тоҳир Қудратзода аҳли толор ва мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар давоми чорабинӣ ба баталёни 1-уми зудамали қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии ноҳия 1 адад компютер бо принтер дода шуд. Инчунин 6 нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ, 4 нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва 7 нафар ҷанговарони байналмиллал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии дар қаламрави ноҳия буда мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуда ба онҳо аз тарафи Раиси ноҳия маводҳои хӯрокворӣ дастрас карда шуд. Ба оилаҳое, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҷон бохтаанд аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода аёдат карда шуд.




Санаи 16 феврали соли 2020 ҷиҳати иҷрои банди 7 ва зербанди 14 “Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Санаи 16 феврали соли 2020 ҷиҳати иҷрои банди 7 ва зербанди 14 “Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2017-2021” ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи анъанавӣ кушоди вилоятӣ барои дарёфти ҷоизаи дукарат қаҳрамони меҳнат А.Саматов оид ба намудҳои гуштини миллӣ “Гуштингирӣ” ва самбои размӣ байни калонсолон бахшида ба соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори “Чемпион” – и ноҳия доир гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилояти муҳтарам Каримзода Рустам иштирок баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 238 нафар варзишгарон қувва санҷӣ намуданд.
Дар охири мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо медал, диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.