ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Кормандон ва собиқадорони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расулов!Ҳамасола моҳи октябр мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ид «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамаи кормандони мақомоти судӣ, собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандонро бо иди касбиашон шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу дорам.

Дар боби 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон вазифа ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас оварда шудаанд. Конститутсия ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда, онҳоро ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, меъёрҳои Қонуни асосиро дастури амал қарор диҳанд, зеро Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазифаҳои кормандони мақомоти судӣ ҳарф зада, аз ҷумла таъкид кардаанд, ки “ … бо назардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз истиқлолият роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро пеш гирифт, суд ҳамчун ҳокимияти мустақил нақши калидӣ дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дорад. Солҳои аввали истиқлолият давлат зарурати тақвияти пояҳои ҳуқуқӣ ва ислоҳоти судиро дарк намуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ кард, ки ҳадафашон баланд бардоштани нуфузи суд, мустақилияти он ва кафолати адолати иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз судҳои Тоҷикистон на танҳо ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқӣ машғуланд, балки ҳамчун кафили волоияти қонун, ҳимоягари ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва пояи адолати иҷтимоӣ амал мекунанд. Ин мақом ва масъулияти баланд судро ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва амнияти ҳуқуқии ҷомеа табдил додааст. Дар асоси ҳамин сиёсати хирадмандона дар солҳои охир як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи онҳо тақвият бахшидани пояҳои фаъолияти судҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва таъмини шаффофияти мурофиаи судӣ мебошад.

Маҳз татбиқи чунин ислоҳот боис гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун қувваи мустақил ва таъсирбахш амал намуда, дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа саҳми муассир мегузорад. Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз мақом, мансаб ва молу мулк, дар назди қонун баробар мебошанд. Вақте ки баробарии ҳақиқии шаҳрвандон таъмин мешавад, ҷомеа ба адолат ва боварӣ ба давлат ноил мегардад. Ин масъулияти бузург маҳз бар дӯши мақомоти судӣ аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти густурдаи кормандони мақомоти судӣ тамоми чораҳоро меандешад ва роҳбарияти мақомоти судиро зарур аст, ки доир ба қабули қарор ва ҳалномаҳои қонунӣ, бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кунанд ва нагузоранд, ки ягон ҷинояткор беҷазо монад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони мақомоти судӣ, баробари таъмини иҷрои вазифаи хизматиашон дар корҳои тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол буда, якҷо бо мақомоти дахлдор дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ширкат меварзанд, дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ саҳми бориз мегузоранд.

Дар ин радиф кормандони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии ватани азизамон низ сайъу талоши пурсамар намуда истодаанд.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар собиқадорони соҳа ва кулли кормандони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расуловро табрику таҳният намуда, сиҳатмандиву иқболи баланд, саодату рӯзгори осударо орзу намуда, дар татбиқи пайкори созандаи Пешвои муаззами миллат муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Бо камоли эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек




МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР АСОСИ ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2026, №524 БАРОИ ИШҒОЛИ 12 МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;Маоши мансабӣ – 3508,98 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;Маоши мансабӣ – 2602,08 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2135,04 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2135,04 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Деҳмой ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисосҳои ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрокимё ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, харитасоз), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2504,78 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ..

6. Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоатҳои деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои сама раноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2504,78 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

7. Мутахассиси пешбари (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Ҷамоатро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2051,64 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

8. Нозири мизӣ ҳарбии бақайдгирии Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Ғӯлакандоз ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой;Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии нозири мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд;- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;- Маоши мансабӣ – 2051,64 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:

– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (2 дона расми 4х6 ва 4 дона расми 3х4);- тарҷумаи ҳол;- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (бо замима);- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;- нусхаи шиноснома;- маълумотнома аз маркази иттилоотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд;- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои шахсоне, ки оиладор ҳастанд);- маълумотнома дар бораи вазъӣ оилавӣ.

СУРОҒАИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО:ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи ба номи Ислом Нурматов №5 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ошёнаи 1, утоқи кории №2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон (83455) 2-30-02, нишонаи сомона www.jabborrasulov.tj, суроғаи электронӣ mihd.jrasulov@mail.ru




МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 20 октябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовинонони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои соҳавии марбута, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Дар маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

1. Оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва фаъолияти корхонаҳои қабули пахта ва коркарди он.

2. Оид ба тақвият бахшидани корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳия.

Аз рӯи масъалаҳои зикргардида аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба соҳаи кишоварзӣ, хусусан ба масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Имрӯзҳо ҳосилнокии пахта дар саҳро хуб ба назар мерасад.Мо бояд аз обу ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, якҷо бо фаъолони ноҳия ҷиҳати беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тамоми имкониятҳоро сафарбар намоем.Бо ин мақсад, зарур аст, ки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар рӯзҳои ғайрикорӣ барои расонидани кӯмак ба деҳқонон сафарбар карда шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта чораҳои зарурӣ андешида шаванд.Инчунин, вобаста ба омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, зарур аст, ки тамоми муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо ангишт ва ҳезум таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, масъалаи захираи маводи зиддилағжиш, сӯзишворӣ ва омодасозии трансформаторҳои тақсимоти барқ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар муҳлатҳои муайяншуда пурра таъмин ва омода карда шавад. -иброз намуданд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.

Дар ҷаласа, ҳамчунин ҷиҳати омодагии иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшаванда, ташрифи Меҳмонони Олиқадр ва дигар паҳлуҳои самти корӣ, баррасӣ ва матраҳ гардиданд. Инчунин, қайд гардид, ки рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия, хусусан сохтмони муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.

Таъкид карданд, ки барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши роҳбари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста ва некӯаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбар ва масъули соҳа бояд ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, дар доираи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии аҳолӣ ва ҷиҳати рушди минбаъдаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, муҳлати иҷрои онҳо муайян гардид.