Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар 5800 гектар пахта кишт гардида, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил муташаккилона ҷараён дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия рафти ҷамъоварии пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ғуну чини ҳосил ба кишоварзон кӯмаки амалии худро расонид. Тавре зимни боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Элдор” иттилоъ дода шуд, дар ноҳия ҳамарӯза беш аз 300 тонна пахта чида шуда, то имрӯз 2660 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо кишоварзону чинакчиён ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил дастур дода, ба пешқадамони маъракаи пахтачинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Таъкид карда шуд, ки барои ҳавасманд намудани чинакчиён бояд барои ҳар кило пахтаи чидашуда 70 дирамӣ пардохт карда шавад.
Аснои сафар Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии “25-солагии Истиқлолият” ва “Органик Ян” шинос гардид. Чуноне мушоҳида карда шуд, дар корхонаҳои зикршуда барои қабули ҳосили имсолаи пахта шароит муҳайё карда шуда, коркарди он бо маром идома дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаҳо барои қабул ва коркарди пурраи пахта супоришҳо дода, барои баланд бардоштани маоши коргарон ва мунтазам ҳавасмандкунии онҳо супоришҳо дод.




Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд. Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти тирамоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба андешаи мутахассисон ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Хоҷагӣ “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои навии корӣ ва ба ин  восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маводи ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.




Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд. Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад. Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр. то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метрии мураббаъ, ё 150 тоннаро ташкил медиҳад. Ғавсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст. Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар боқимонда масоҳат иншооти ёрирасон сохта хоҳад шуд. Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад. Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад. Реги кварсӣ аз кони Қурғонча интиқол дода мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар кони мазкур зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 адад механизми истихроҷкунанда сафарбар карда мешавад. Инчунин кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад. Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз тарафи дигар дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста ба онҳо мусоидат менамояд.