Боздид аз боғи анор, нашъунамои зироати кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”, иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд. Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст иштирок карданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” дорои 8,22 гектар замин буда, соҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғул мебошанд. Боғи анор дар ин хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи “Мумтоз” дар замини хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардидааст ва аз он хоҷагидорон ҳамасола беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд. Анори ҷамъоваришуда асосан аз сари замин ба фурӯш гузошта мешавад. Роҳбари хоҷагӣ изҳор медорад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил соҳибкорон ба сари замин омада, анорро бо нархи дилхоҳ харидорӣ ва ба бозорҳои мамлакат интиқол медиҳанд. Дигар сокинони ноҳия, инчунин меҳмонон низ аз ин ҷо анори хушсифат ва лазизро харидорӣ мекунанд. Ҷамъоварии ҳосили анорбоғ даҳаи дуюми моҳи октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳосил дар боғи мазкур имсол низ фаровон буда, тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз он бояд беш аз 10 тонна анор ҷамъоварӣ карда шавад. Майдони умумии боғ дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” 4,02 гектарро ташкил медиҳад. Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагии мазкур кишти такрории сабзӣ 0,35 гектар, бодиринг 0,30 гектар, мош 0,15 гектар, карам 0,10 гектар ва сирпиёз 0,10 гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯйи нашъунамо ҳосилнокии ҳама намуди зироат фаровон хоҳад шуд. Имсол дар кишти асосӣ кишоварзони хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати 0,70 гектар пиёз, 0,10 гектар картошка ва 2,50 гектар пахта кишт намуда, аз зироати картошка ва пиёз ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Хосили пахта низ дар ин хоҷагӣ хуб буда, интизор меравад ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил диҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шумораи зиёди сокинони ба кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғулбуда иштирок намуда, дар растаҳо маҳсули заҳмати хешро, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ намудаанд ба маъраз гузоштанд. Сифат ва фаровонии ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, лубиёгиҳо, полезӣ, зироати техникӣ, инчунин картошка, мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошташуда аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва меҳнати пайвастаи кишоварзон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарак медиҳад. Тибқи иттилоъ соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар масоҳати 17 994 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки назар ба соли 2019 422 гектар зиёд мебошад. Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миқдори 11277 тонна ғалладонагӣ, 14490 тонна сабзавот, 750 тонна полезӣ, 1579 тонна картошка, 3062 тонна ҷуворимакка ва 917 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар масоҳати 1745 гектар кишти такрории зироатро гузаронидаанд. Ин нишондод дар муқоиса ба як соли пеш 14 гектар зиёд мебошад. Сокинони ноҳия, хоса занону бонувон чанд номгӯи хӯрокҳои миллии аз маҳсулоти кишоварзӣ омодашаванда ва нону дигар маҳсулоти нониро пухта пешкаши меҳмонон гардониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ошпазҳои ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзондани нозукиҳои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят карданд. Дар ҳамин ҷо зотҳои чорвои калони шохдор, майдаи шохдор, асп ва парандаи дар хоҷагии “Деҳқони нав” парваришёбанда намоиш дода шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ноҳия чорвои калони шохдор ба 3674 сар, майдаи шохдор 2935 сар, асп 90 сар ва паранда ба 263199 сар баробар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ агар дар 8 моҳи соли 2019 дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия ба андозаи 200,5 тонна гӯшт истеҳсол гардида бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондод ба 347 тонна баробар гардидааст. Ҳаҷми шири истеҳсолшуда бошад, 1766 тонна, ё назар ба як сол пеш 17 тонна зиёд мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайваста ва истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва саҳми пайваста гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд. Сипас Сарвари давлат аз майдони пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии “Мирҷалол” ва “Файзи нур” дидан намуданд. Тибқи иттилоъ хоҷагии деҳқонии “Мирҷалол” дорои 1,80 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдоронаш асосан ба пахтакорӣ машғул мебошанд. Имсол кишоварзони хоҷагии мазкур дар масоҳати 1,50 гектар кишти пахтаи навъи мутобиқ ба иқлими ноҳия гузаронидаанд. Дар боқимонда замин қаламфури булғорӣ кишт намудаанд. Дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Файзи нур” бошад, 6,30 гектар замин мавҷуд мебошад. Аз ин масоҳат дар кишти асосӣ 4,50 гектар пахта, инчунин 0,50 гектар гандум ва 0,30 гектар қаламфури булғорӣ кишт намуда, дар кишти такрорӣ, ин ҳам баъди ҷамъоварии гандум, яъне дар масоҳати 0,50  гектар шолӣ кишт карда шудааст. Ба иттилои кишоварзон имсол масоҳати умумии пахтазор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қариб 6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки назар ба соли 2019 беш аз 170 гектар зиёд мебошад. Дар ноҳия 21 хоҷагии кишоварзӣ ба кишту парвариши пахта машғул мебошад. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтароне, ки ба пахтачинӣ машғул буданд, туҳфа тақдим карданд.




Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – 29 солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси ноҳия бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям. Истиқлолият чун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рӯзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ вазифадор аст, ки ба хотири рушди минбаъдаи ҷомеа, пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Истиқлолият ба халқи Тоҷикистон озодӣ, оромӣ, ободӣ сулҳу субот, ояндаи дурахшон, зиндагии шоиста ва Роғунро дод. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат дарк мекарданд, ки Роғун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Ҳозирини гиромӣ!Қайд бояд кард, ки дар ноҳия ба шарофати Истиқлолият ва заҳмати ватандӯстонаи сокинон дар партави сиёсати халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия рӯ ба тараққиёт ниҳода, сатҳи зиндагии мардум хеле беҳ гардид. Ба роҳ андохтани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, марказҳои муосири хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва таъсис додани садҳо ҷойҳои нави корӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд. Ҳамдиёрони азиз!Бо шарофати ин ҷашни фархундаи миллӣ дар тамоми мамлакат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифта, кишвари мо ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт. Инчунин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифта, симои ноҳия хеле зебову дилрабо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба соҳибкорони ташаббускору ватандӯст миннатдории бепоён изҳор менамояд ва ҳамкориро бо соҳибкорон дар чунин руҳияи созанда идома дода, ҳамеша дар рушду нумӯи ноҳия саъю талош меварзад ва дар татбиқи иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар роҳи бунёдкориву созандагӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо рӯи кор меорад. Дӯстони азиз!Истиқлолият беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормонҳо, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Мо сокинони ноҳия бо саъю талоши ватандӯстонаи худ метавонем Истиқлолияти ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем. Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳи идона бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам. Ҷашни Истиқлолият ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!




Рӯйдоди бузург дар таърихи тоҷикон

Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурии азизамон ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст. Бо ҳидоятҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саршор аз садоқату муҳаббат ба Ватан аст. Тоҷикистони азиз дар ҳама соҳаҳо ба фатҳу нусрат соҳиб мегардад. Мардуми шарифи кишвар имрӯз дар партави ин сиёсати хирадмандона бо руҳбаландию ифтихори зиёд ва бо як ҷаҳон орзуҳои нек ҷашни Истиқлолиятро истиқбол мегиранд. Бо ин муносибат санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок доштанд ва ҳозиринро бо муносибати ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.Баъд аз суханҳои табрикотӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба як қатор фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.