Оила асоси ҷомеа

Санаи 19-уми августи соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Зумрад Муталибзода, раиси суди ноҳия Садриддинзода Н., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Раҷабзода Р., фаъолзанон ва аъзои Шурои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон доир гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси ноҳия Зумрад Муталибзода, раиси суди ноҳия Садриддинзода Н., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон фикру ақида ва ҷиҳати мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд




Солимии аҳли ҷомеа барои мо муҳим аст

Маврид ба тазаккур аст, ки шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 18 август вобаста ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбии, “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.Санаи 17-уми августи соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия ҷиҳати таҷлили «Рӯзи кормандони тиб» чорабинии идона баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акбаров Аҳрор Мустафоевич – сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд иштиро, ва ҳозринро бо муносибати «Рӯзи кормандони тиб» табрик намуданд. Дар давоми чорабинӣ барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоён дар пешрафти соҳаи тандурустӣ, мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва ба муносибати «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» 2 нафар Аълочии тандурустӣ, 1 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар бо «Сипоснома»-и Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва 35 нафар бо «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуданд. Дар охири чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.




Табрикотираиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тиб

Ҳамдиёрони азиз! Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ботантана таҷлил мегардад. Иди касбии шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон – Рӯзи кормандони тибро ба кулли табибону ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, барори кору саодати рӯзгорро таманно менамоям. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, ки баёнгари ҳусну таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа мебошад. Боиси зикр аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино алоқамандии бевосита дорад. Осори гаронбаҳои ин олими номвари тоҷик дар тамоми сайёра ҳамчун ганҷи бебаҳои илм пазируфта шуда, ҳамчун роҳнамои фаъолияти кормандони соҳаи тиб хизмат мекунад. Табибон, шифобахшон ва ҳомиёни саломатии мардум мебошанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, тибби тоҷик низ рушду инкишоф ёфта, ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ҷомеа як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ қабул гардиданд. Бояд гуфт, ки садсолаҳо қабл аз ин ниёгони донишманди мо дар мисоли Абӯалӣ ибни Сино ганҷинаи нодири тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ аз ҷумлаи меросбарони Синои бузурганд, ки имрӯз барои солимии ҷомеа меҳнати пурсамар намуда истодаанд.Кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия ин рӯзи воқеан таърихиро дар соли барои халқу миллат фаромӯшнопазир бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ниятҳои нек ва руҳбаландии самимӣ таҷлил менамоянд. Онҳо баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ меҳнати шоёни таҳсинро ба ҷо оварда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд. Боварии комил дорем, ки табибони ноҳия, минбаъд низ дастовардҳояшонро афзун намуда, роҳу усулҳои наву замонавии табобатро ҷорӣ менамоянд ва баҳри ҳифзи саломатии мардум меҳнати шоиста мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибонро дар сатҳи зарурӣ қарор дода, дараҷаи хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардоранд. Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи неки ӯ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд. Бо ҳамин таманниёт табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат, осмони софу бещубор, файзи рӯзгор ва дар анҷоми рисолати инсондӯстона комёбиҳои беназир орзу менамоям. Иди касбӣ муборак бод!