Варзиш кафили солимии ҷомеа

Санаи 10-уми августи соли 2020 тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 6 августи соли 2020, таҳти №241 «Дар бораи таҷлили Рӯзи варзишгарон» дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани варзишгарони беҳтарин, бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сафарзода Амир, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маъруфзода Маъбуд, варзишгарон ва дигар даъватшудагон ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба сухан баромада ҳозиринро бо муносибати иди «Рӯзи варзишгарон» табрик намуданд. Ҳамчунин 20 нафар варзишгарони беҳтарини ноҳия барои саҳми муносиб дар рушди соҳаи варзиш, дастовардҳои назарраси варзишӣ ва иштироки фаъолони дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва бо сипосномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.




Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони азиз! Қаблан ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Рӯзи варзишгарон, ки дар саросари ҷумҳурии азизамон ҳамасола 11 август ботантана таҷлил мегардад, шодбош гуфта, баҳратон тансиҳативу сарбаландӣ ва дар амри талошҳои пайгирона дар ҷодаи муаррифии давлату миллат бурдбориҳои беназир хоҳонам.Маълум аст, ки аз қадимулайём варзиш ва бозиҳои гуногуни миллӣ ба мисли аспдавонӣ, гӯштингирӣ, камонварӣ, шиноварӣ, гурзпартоиву чавгонбозӣ дар тарбияи солимиву ҷисмонии инсон нақши басо муҳим дорад.Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириву пуштибониҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун омили ташаккули инсон нақши муҳим бозида, Пешвои муаззами миллат варзишро ҳамчун яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ намудани давлат ва миллат унвон дода, баён медоранд, ки: «Варзиш дар баробари тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон бо ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад».Ин аст, ки баҳри оммавияти варзиш ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ дар саросари кишвар ва бахусус пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе ҳамарӯза майдончаҳои муосири варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуда истодааст, ки боиси хушнудии тамоми сокинон гардида истодааст.Дар қаламрави вилояти Суғд зери роҳбарии бевоситаи Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи афзун гардонидани маҷмааҳои варзишӣ ва ҳарчӣ бештар фаро гирифтани насли наврас ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои назаррас андешида шуда, бунёду ба истифода супоридани маҷмаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят яке аз чунин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҷиҳати фарогирӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш 5 мактаби варзишӣ амал мекунад, ки он дар тарбияи варзишгарон саҳмгузорӣ намуда, то ҳол якчанд варзишгарони касбиро тарбия намудааст. Дар мактабҳои варзишии ноҳия, аз рӯи 16 намуди варзиш мураббиёни соҳибтаҷриба ба варзишгарон таълим медиҳанд, ки аз ҷумла дар байни онҳо дорандандагони унвонҳои муррабии шоистаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони варзиши дараҷаи байналхалқӣ, устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон фаъолият менамоянд. Варзишгарони гиромӣ!Боиси қайд аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ баргузор гардида истодаанд, ки дар ин мусобиқаҳо варзишгарони ноҳия иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.Варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯз аз рӯз аз устодони соҳибтаҷриба сабақ омӯхта нуфузи ноҳияро дар чорабиниҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша фаъолияти бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияро зери назорат қарор дода, бобати баргузории кулли мусобиқаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.Боварии комил дорем, ки варзишгарони ноҳия сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри рушду тараққиёти кишвар саҳми босазо мегузоранд. Ҳар яки мо аз заҳмату талошҳо ва бурдбориҳои варзишгарон огоҳ буда, аз онҳо пирӯзиву шуҷоат ва ғалабаҳои минбаъдаро интизорем.Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо иди касбиатон табрику таҳният гуфта, бароятон дар фатҳи қуллаҳои нави ғолибият ва парафшонии парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаҳои байналхалқӣ комёбиҳоро орзу менамоям.




Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаҳои 28-29 июл ва 1-3 августи соли 2020 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Ҷаббор Расулов» №16 Акрамзода Баҳодур Исмоил ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Суғд” №2 Набизода Мадина бо интихобкунандагон доир гардид. Дар вохӯриҳои мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин, муовинони раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 334 нафар интихобкунандагон иштирок намуданд. Дар давоми вохӯриҳо аз ҷониби интихобкунандагон барои пешрафти ободии диёр як чанд дархосту таклифҳо пешниҳод гардид. Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон озоду шаффоф ва дар фазои якдигарфаҳмӣ доир гардид.