Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қатори тамоми мусулмонони дунё яке аз идҳои муборак ва суннатии худ – иди Қурбонро бо як шодию нишот дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта истодаанд. Ба муносибати фарорасии иди мубораки Қурбон Шумо ва аҳли пайвандонатонро самимона табрику муборакбод намуда, саодатмандии дунё, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдати комил ва файзу баракатро таманно менамоям.  Дини мубини Ислом дорои тамаддун ва фарҳанги ғание аст, ки бо арзишҳои олии худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносии миллатҳои гуногуни олам нақши бағоят бузург бозидааст. Фарҳанги бузурги исломӣ саршор аз ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, зебоипарастӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон,  муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ  ба  беморон,  ёди  хайр аз  гузаштагон мебошад. Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мусулмонон  аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гузоранд. Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ заминаи ҳаётӣ мебошанд. Бузургтарин савоб дар рисолати Ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Донишмандони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати Ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Дар арафаи ин иди суннатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов  таҳти пуштибонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чандин оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимон ва хонаҳои пиронсолонро аёдат намуд. Дар ин рӯзи Саид изҳори умедворӣ менамоям, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор  Расулов  бо пайравӣ  аз  арзишҳои олии динӣ ва миллӣ  дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди иҷтимоии ноҳия саҳм гузошта,  рӯ ба илму маърифат,  донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ меоранд, бо комёбиҳои тоза ноҳияро машҳур месозанд ва дар истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободонию пешрафти ноҳияи азизамон хизмати арзанда мекунанд. Бори дигар фарорасии иди мубораки Қурбонро ба Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми меҳнаткаши ноҳияро муборакбод намуда, бароятон хонаи обод, чеҳраи пурнуру сари баланд, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фароҳдастӣ, имони комилу илми боамал орзумандам.

Ид
муборак дӯстони азиз!




Вохӯриҳои самаранок

Санаи 21-уми июли соли 2020 гурӯҳи корӣ бо иштироки шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши дин,танзими анъана ва ҷашну маросим, Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, рӯзномаи ноҳиявии «Иқбол» ва телевизиони маҳаллии «Ғӯлакандоз» бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемориҳои сироятии коронавирус, ҳамчунин риоя намудани масофа, бе ниқоб гаштугузор накардан дар ҳудуди бозори “Ашроф” ва нақлиётҳои мусофиркаш корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Чунин корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ мунтазам идома дорад.




Нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 17-уми июли соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи авали соли 2020 доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳузур доранд.Инчунин, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорони вилоят, рӯзномаи ноҳиявии «Иқбол», «Омӯзгор ва хонанда» ва дигар таклифшудагон иштирок доранд.Кори нишасти матбуотиро раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ оғоз намуда, оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шашмоҳи аввали соли 2020 баромад намуданд. Рӯзноманигорон бештар ба мавзуҳои муҳими рӯз, аз ҷумла, вазъи санитарию эпидемиологӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, вазъи роҳҳо, сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва ғайра саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххаси гирифтанд. Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар навбати худ барои бартараф намудани масъалаҳои мавҷуда дар ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳарчи зудтар бартарф кардани онҳоро талаб намуд.