Маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020

Санаи 8 июли соли 2020 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.Дар маҷлиси фаъолони ноҳия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони Раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони ба масъалаҳои маҷлис дахлдор иштирок доштанд.Ҳамчунин дар маҷлиси фаъолон ба сифати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок доштанд.Дар маҷлиси фаъолон як масъала ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Доир ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб маърӯза намуд.Аз муовини якуми раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ, муовинони раиси ноҳия Отамуродзода Туйчибой ва Муталибзода Зумрад, сардори нозироти андоз дар ноҳия Орипов Шамсимаҳмад, раиси кумитаи идораи замини ноҳия Хайруллозода Дилмурод, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Зикрияев Шавкат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маъруфзода Маъбуд, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам ба тариқи саволу ҷавоб пурсиш ба амал оварда шуд. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин оиди натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва натиҷаҳои дар ҳамин самт ба даст овардашуда ва камбудиҳои ҷойдошта баромад намуд.Ҳамчунин дар давоми маҷлиси фаъолон барои ҷамбасти натиҷаи мусобиқаҳои меҳнатӣ оид ба кишти пахта ва тайёр намудани пилла сухан ба раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳия Устопиров Усто дода шуд. Дар давоми баромад таъкид гардида, ки як чанд нафар фаъолони соҳаи кишоварзӣ оид ба кишти пахта ва тайёр намудани пилла саҳми арзанда гузоштанд, ки барои онҳо тӯҳфаҳои хотирвӣ ва сипоснома тақдим гардид. Дар сухани ҷамъбастӣ раиси ноҳия дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.Пас аз баитмомрасии вазифагузориҳои раиси ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 ба кори худ хотима бахшид.




Боздиди роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба сазовор таҷлил гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия

Санаи 7-уми июли соли 2020 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба сазовор таҷлил гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ташриф овард.Дар давоми сафари корӣ роҳбари гурӯҳи корӣ оид сазовор таҷлили гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншоотҳои бунёдшаванда, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хаҷагиҳои ёрирасон, кишти картошка ва ғалладонигиҳо ва ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ, содироти он ва кишти такрорӣ дидан намуданд. Ҳангоми шиносоиҳо барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоридани бино, ба ободонӣ фаро гирифтани муҳити атроф, фароҳамсозии шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расонидани фарзандони ватандӯсту худогоҳ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи маориф дастуру тавсияҳо доданд.




Боздид аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Нарзулло”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июли соли 2020, дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деҳқонии “Нарзулло” бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуданд.Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонида, ҳамчунин парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд. Таъкид гардид, ки Хоҷагии деҳқонии “Нарзулло”, дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст, вобаста ба ҳамин кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд. Дар доираи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, хоҷагидор Набиҷон Холматов сол то сол истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд менамояд, зеро даромади асосии зиндагии ӯ ва саҳмдорони хоҷагӣ аз замин аст. Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расониданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар қаламрави ноҳия 60 гектар қаламфури булғорӣ кишт карда шудааст.Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Хоҷагии деҳқонии “Нарзулло” барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаламфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Бино ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус, мардуми сайёраро пеш аз ҳама ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст. Кишоварзони ноҳия низ ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.