Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июл дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии “Баракат” шинос шуданд.Корхонаи мавсимии “Баракат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва сипас барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 10800 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот карда, ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар анборҳои корхонаи мазкур 1000 тонна пиёз ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, то имрӯз дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузаронидаа




Шиносоӣ бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меоранд ва дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд доранд.Ғулом Тӯрабоев бо хонавода ҳамчунин ба чорводорӣ машғул буда, 13 сар чорвои хушзот парвариш менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинанд.Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори хуш доранд.Ташкили гармхона ва аз як қитъа замини наздиҳавлигӣ гирифтани се чор ҳосил шаҳодати истифодаи мақсадноки замин аз ҷониби сокини деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев мебошад.Ҳамчунин ин деҳқони соҳибтаҷриба бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш карда мешаванд, маҳсулоти лубиёгӣ кишт карда, ҳосили зиёд ба даст меорад.Дарвоқеъ, хоҷагидорону сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз имконияти мавҷуда ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзию наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд низ ба даст меоваранд.Барои мисол, рӯзгори сокини деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев ва аҳлу оилааш аз ҳамин ҳисоб аст, зеро оилавӣ дар замин меҳнат менамоянд.Аснои шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, бори дигар аз муҳимияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Ғулом Тӯрабоев ба хотири муарифии натиҷаи самараи ба дастовардаи аҳли оилааш намоишгоҳ ташкил намуда, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, зардолу ва олуча ба маъраз гузоштанд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фаровонии маҳсулотро самараи меҳнати содиқона дар самти истифодаи мақсадноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ маънидод намуданд.




Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, фарогири 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад. Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ хоҷагидорон дар кишти асосӣ 2,3 гектар помидор шинонида, аллакай аз як гектари он ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд. Аз рӯйи маълумоти саҳмдорон, дар ҳар чинак то як тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.Дар қатори ниҳоли помидор, ҷуворимакка барои дон шинонида шудааст, ки он дар баробари ҳосилбандӣ, ҳамчунин бо таъмини соя дар серҳосилии помидор замина мегузорад.Ниҳоли помидорро дар ин майдон моҳи март шинонидаанд ва аз ҳосилбандии он кишоварзон қаноатманд мебошанд.Маврид ба зикр аст, ки 1 гектар бодиринг, 0,50 гектар помидор ва 0,50 гектар карам дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» кишти такрорӣ мебошад.Саҳмдорон қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,50 гектар карам кишт намуда, аз он ҳосили фаровон ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнер расидааст, ки ин нишондод ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов мутобиқ аст.Соли равон кишоварзони хоҷагӣ парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ монданд.Айни замон хоҷагии мазкур дорои 20 оилаи занбӯри асал мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорон, хоса истифодаи самараноку оқилонаи замин дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» баҳои баланд дода, ба кишоварзон барои саҳми арзанда гузоштанашон дар таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори миннатдорӣ карданд.Сипас Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» ташкил карда шуд, дидан намуданд.Ба иттилои масъулони соҳа, имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зиёда аз 2400 хоҷагии кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, масоҳати умумии заминҳои корами обӣ 12167 гектар, лалмӣ 2184 гектар, майдони боғ 1404 гектар ва токзор 60 гектарро ташкил медиҳад.Дар ин намоишгоҳ аз 6 ҷамоати деҳоти ноҳия хоҷагидорон иштирок намуда, дар ду пирамида, 10 хайма ва растаҳо маҳсулоти нонию номгӯи гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ, меваҳои шаҳдбор ва инчунин асали табииро ба маъраз гузоштанд.Гуфта шуд, ки имрӯз дар ноҳия 2780 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.Фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайвастаи сокинон, хоса хоҷагидорони ноҳияи Ҷаббор Расулов марбут дониста, таъкид намуданд, ки ҳисси масъулияту маданияти баланд ва истифодаи самараноку оқилонаи замин аз ҷониби кишоварзон дар таъмини пурраи бозори истеъмолии мамлакат замина хоҳад гузошт.