Корҳои ободонӣ аз деҳа сарчашма мегиранд

Корҳои ободоию созандагӣ ва бунёдкорию мумфаршкунӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мунтазам идома доранд.

Санаи 18 июни соли 2020 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия ва бо иқдоми соҳибкорзани деҳаи Тоҷикобод Имомова Ҳидоятпочо дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» назди сохтмони се ошёнаи атласу адрасбофӣ ва ҳунарҳои мардумии деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона зиёда аз 40 метр роҳ мумфарш намуд. Аз ин иқдоми соҳибкор дигар сокинон руҳбаланд гардида, тасмим мегиранд, ки назди хонаҳои худро мумфарш намоянд.




Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов даъвати шашум

Санаи 17-уми июни соли 2020-ум тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Рустам – муовини Раиси вилояти Суғд, ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок намуданд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:- оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз санаи 9 ноябри соли 2010, таҳти №539 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар ноҳия;- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ш.Шоҳин» №4 Расулзода Шаҳноза Холиқ;- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ; – тасдиқи қарору амрҳои раиси ноҳия. Оиди ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Каримзода Рустам – муовини Раиси вилоят ба сухан баромада, нисбати кори иҷлосия ва масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия баррасигашта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.Раиси Маҷлис баъд аз суханронии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашумро пӯшида гуфта эълон намуд.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосия хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.




Маҷлиси навбатии Маҷлиси вакилони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 16-уми июни соли 2020-ум тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Маҷлиси вакилони Ҷамоат, даъвати сеюм баргузор гардид.Дар кори Маҷлис намояндаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони ба масъалаҳои Маҷлис дахлдор иштирок намуданд. Маҷлис бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳои мубарми рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Оиди ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори Маҷлис хотима бахшид. Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷлисҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.