Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба муносибати «Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон»

Фарзандони
азиз!

Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишвари
азизамон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки
дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.

Ин сана мо – калонсолонро ҳамеша водор месозад, ки ба
саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди
таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр
намудани онҳо ба зиндагии оянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар
вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву
бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ба ҳамаи шумо ва дар симои шумо ҳар як кӯдаки
ноҳияро самимона табрик мегӯям.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву дурахшони ҳар як
миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо
бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл
дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо
медиҳад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои
синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони
мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамеша таҳти щамхории
доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони
маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа ва беҳтар
намудани вазъи моддии кӯдакон дар радифи щамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва
дастгириҳои раиси вилояти Сущд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳия то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида истодааст ва ин раванд
минбаъд низ идома меёбад.

Хурсандиовар аст, ки солҳои охир наврасону толибилмони
муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи мо дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои
гуногуни варзишӣ ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар хориҷ мунтазам ва фаъолона
ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва медалу ҷоизаҳо мегарданд.

          Ояндаи
ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора
мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд,
аз мо-калонсолон вобаста аст.  

Бинобар ин, ҳар кадоми мо дар ёд дошта бошем, ки барои
тарбияи дурусти кӯдак масъул ҳастем. Яъне кӯдакро мо барои ҳаёти мустақилона ба
таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар руҳи
сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем. 

Фарзандони
азиз!

Шумо – кӯдакону наврасони азиз насли хушбахти даврони
истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат ҳастед.

Шумо бояд Ватан – Модари худро бо меҳру муҳаббат ва
садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонаи миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами
замон бошед.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кӯдакони ноҳияро бори
дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми
шумо кӯдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи
баланди фарзандони фарзонаи Ватани хеш мегардед.

Ба ҳамаатон
саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Хушбахту
баландиқбол бошед, фарзандони азиз!




Дастгирии кормандони мавсимӣ

Санаи 31-уми майи соли 2020 бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба 500 нафар кормандони мавсимӣ, ки дар марказҳои логистикии содироти пиёз фаъолият мебаранд ва аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд. Аз ин иқдоми Раиси вилоят кормандон руҳбаланд гардида, ба онҳо руҳу тавонои тоза бахшида шуд. Иштирокдорони хӯроки нисфирӯзи миннатдории беандозаи худро ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён намуданд.




ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

  1. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз) Ҷамоатҳои
    шаҳраки Меҳробод, деҳоти Fӯлакандоз; Ҳаёти нав; Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов –
    4 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

  • таҳсилоти
    олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки
    вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи
    умумии меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим
    медароранд;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
    маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 894 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи
    хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
  • Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну
    маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои
довталабон:

  • таҳсилоти
    олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки
    вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи
    умумии меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисиро ба танзим
    медароранд;
  • малакаи
    хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми
    татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 894 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи
    хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
  • Мутахассиси пешбари (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти
    Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои
довталабон:

  • таҳсилоти олии касбӣ,
    ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ,
    ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин
    карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии
    меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим
    медароранд;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
    маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 732 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи
    хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
  • Нозири мизи ҳарбии Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод,
    деҳоти Ғӯлакандоз; Гулхона, Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов – 4 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

  • таҳсилоти олии касбӣ,
    ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ,
    ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин
    карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии
    меҳнатӣ;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии нозири мизи ҳарбии Ҷамоатро ба
    танзим медароранд;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
    маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 732 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи
    хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
  • Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи
    Ҷаббор Расулов       – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои
довталабон:

  • таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олии
    касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда
    мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати
    давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим
    медароранд;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
    маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 630 сомонӣ,
    иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
  • Мутахассиси бахши бойгонии ноҳияи Ҷаббор
    Расулов – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои
довталабон:

  • таҳсилоти миёнаи касбӣ ё
    олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда
    мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати
    давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани санадҳои
    меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим
    медароранд;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
    маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • Маоши мансабӣ – 630 сомонӣ,
    иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда
мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

– варақаи баҳисобгирии кадрҳо (2 дона расми 4х6 ва 4
дона расми 3х4);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар
бораи таҳсилот (бо замима);

– нухаи  дафтарчаи
 меҳнатӣ  (ба  ғайр
 аз  ҳолатҳое,  ки  шахс
 собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотнома оид ба
вазъи саломатӣ дар шакли 038;

– нусхаи гувоҳномаи
рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумотнома дар
бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шаҳодатномаи
суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН рақам);

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз маркази
иттилоотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд;

– нусхаи  билети
 ҳарбӣ  (барои  шахсоне,
 ки  хизмати  ҳарбиро  адо намудаанд);

– нусхаи шаҳодатномаи
ақди никоҳ;

– маълумотнома аз ҷойи
истиқомат.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи
Ислом Нурматов №5 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор
Расулов, ошёнаи 1, утоқи кории №2 шуъбаи
ташкилӣ ва
кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия,
телефон  (83455) 2-14-57, факс 2-20-09, нишонаи сомона www.jabborrasulov.tj, суроғаи электронӣ mihd.jrasulov@mail.ru