Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 30-уми майи соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт.Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии нохия иштирок намуданд.Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID – 19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ру ба пастрави ниҳода дар ҳолати коҳишёбӣ арзёбӣ карда шуд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Аз кохишёбии сироятёби бемори форигболи накрда корхои ташвикоти дар бозору магоза таквият дода шавад. Зеро пастшавии сироятёби холо пурра бартараф ёбии бемори нест. Сокинонро зарур аст пеш аз ҳама аҳли оилаи худ ва ҷомеаро аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 эҳтиёт намоянд. Аз ҳар гуна ҷамъомадҳо ва барпо кардани маракаҳои хонаводагӣ худдори намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти картошка, мувофиқи агротехникаи парвариши пахта, ба роҳ мондани нашъу намои пахта ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳи обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод

Дар Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон мулоқот намуд.Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод бо кормандони соҳаи тиб мулоқот намуд.Нахуст роҳбари вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад. Барои адои садоқатмандонаи рисолати касбӣ ва меҳнати шабонарузии табибони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз рузи нахустин ба қайд гирифта шудани бемории сироятӣ сарҷамъ ва муттаҳид шуда ба зидди паҳншавии бемории сироятӣ мубориза бурда барои шифоёбии сокинон кушиш намуданд арзи сипос намуд.Даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити хуруҷи бемории сироятии коронавирус зарур аст, ки табибони мо беш аз пеш рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида, ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву равшаннамоиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.Баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат-онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо наклиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки дар заминаи қарорҳои ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) бармеояд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Аз ҷониби роҳбари вилоят ба Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод ба миқдори зарурӣ корҷомаҳои бисёркарата, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳи нафаси сунъи ва дорувории протоколии антивирусии Плакфинил барои табобат супорида шуд. Ҳамчунин барои дастгирӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ барои беморони ниёзманд 100 маҷмаъи дорувори иборат аз маводи дорувории зиддивирусӣ ва антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизати ройгон дастрас карда мешавад.




Боздид аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз боздид намуд.Яке аз маҳсулоти содиротии кишвар дар моҳи май ин содироти пиёзи баҳорӣ ба хориҷа мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марказҳои логистикии содироти пиёз амал менамояд. Тибқи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди содирот намудани маҳсулоти кишоварзи ба кишварҳои дуру наздик дар мамлакат тамоми шароитҳо барои соҳибкорон муҳайё гардидааст. Зимни боздид ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода малумот дода шуд, ки пиёз ҳоло аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба марказҳои логистикӣ ворид карда шуда асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот карда мешавад. Дар ин марказхо зиёда аз 500 нафар занҳо, сокинони маҳалли бо ҷои кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудааст. Ҳамаруза то 1200 тонна пиёз тариқи 20 қатора аз се маркази логистикии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хориҷа содирот карда мешавад. Аз даҳрузаи аввали моҳи июн содироти ҳосили пиёзи барвақтии кишоварзони вилояти Суғд оғоз мегардад. Раиси вилоят ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти деҳқононро ба хориҷа содирот менамоянд баҳои баланд дод. Зеро содирот ин манбъаи даромади асъори хориҷӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар кишвар мебошад. Соли ҷорӣ аз вилояти Суғд содироти меваи зардолу ва гелос низ ба роҳ монда шуда, дар хориҷа ба меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти Тоҷикистон талабот зиёд арзёбӣ гардид.