Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии оилахои ниёзманд ва шахсони маъюбият дошта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилахои камбизоат ва маъюбро аёдат намуд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини деҳаи Заркор маъюби гурӯҳи дуюм Саттор Миршарипов, оилаи ниёзманд ва маъюб Норбоева Нилуфар сокини Ҷамоати деҳаи Деҳмой ва оилаи маъюби гурӯҳи якум Шерзод Исмоиловро аёдат намуд. Зимни сӯҳбати самими роҳбари вилоят зикр дошт, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф дар қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Ба оилаҳои аёдат шуда маводи ниёзи аввалияи хӯрокворӣ, тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.Ҷавонони аёдат шуда барои чунин самимият ва таваҷҷӯҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд.




Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ҷамоати деҳоти Гулхона Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нашъунамои ниҳоли пахтаро мавриди назар қарор дод.Хоҷагии деҳқонии “Рамазон” аз зумраи хоҷагиҳои пешқадами пахтакор ба ҳисоб рафта ҳамасола ҳосили баланди пахтаро ба даст меорад. Соли равон заҳматкашони хоҷагӣ дар масоҳати 20-гектар пунбадонаи навъи хориҷии серҳосил кишт намуда имрӯзҳо нашъунамои он мувофиқи мақсад мебошад.Бояд қайд намуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои деҳқонони ноҳия тамоми шароити мусоид аз ҷумла дастрасӣ ба оби полезӣ муҳайё карда шуда, ҳамасола ҳосилнокӣ баланд бардошта мешавад. Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 6000 гектар пахта кишт карда шуда кишоварзони ҳимматбаланди ноҳия азм доранд соли ҷорӣ аз хар гектар зиёда аз 30 центнери тиллои сафед ҷамъовари намоянд. Соли ҷорӣ бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тамоми пойгоҳҳои обкашӣ саривақт ба мавсими нави кишту кори баҳорӣ омода карда шуда, барои беҳтар кардани обёри ду дастгоҳи муосири обкашӣ ворид карда шуд, ки дар натиҷа муаммои танқисии оби полезӣ дар ноҳия пурра бартараф гардид.




Боздид аз парвариши помидор ва лиму дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов

Самаранок истифода бурдани заминҳои қитъаҳои назди ҳавлигии барои беҳтар гаштани шароити рӯзгори ҳар як хонадон мусоидат менамояд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат имрӯз сокинони деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой амал намуда истодаанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз қитъаи назди ҳавлигии Ғулом Тӯрабоев сокини деҳаи Заркор боздид намуд. Дар ҳавлии ӯ 4 гармхона сохта шуда дар он помидор ва лиму парвариш карда мешавад. Бинобар маълумоти сарвари хонадон Ғулом Тӯрабоев самаранок истифода барии қитъаи назди ҳавлиги ба ӯ имконият до, ки рӯзгори худро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин намуда аз ҷиҳати иқтисоди низ фоидаи хуб ба даст орад. Дар натиҷаи оқилона муносибат намудан бо замин имрӯз оилаи ӯ аз ҳеҷ чиз танқиси надорад. Ғайр аз гармхона дар майдони ҳавли картошкаи барвақти ва полезии тарбузу харбуза кишт намудааст, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад. Дарахтони олуча бошад ҳосили фаровон ба бор оварда, ки алҳол занҳои хонадон бо омода кардани афшура машғул ҳастанд. Дар ҳавли боз фермаи хурди чорводори низ мавҷуд буда 14 сар моли ширдеҳ парвариш карда мешавад. Итилоъ дода шуд, ки шабона рӯзи зиёда аз 100 литр шир ба корхонаҳои коркарди шири шаҳри Хуҷанд дастрас менамоянд. Раиси вилоят ба фаъолияти босамари аҳли хонавода баҳои балнд дода ба сарвари оилаи намунавӣ қолин тӯҳфа кард. Зикр карда шуд, ки бояд ҳар як сокини вилоят аз чунин оилаҳои намунавӣ ибрат гирифта замини қитъаҳои назди ҳавлигиро истифода намоянд.