Тозагӣ гарави саломати аст!

Бо мақсади пешгирии касалии сироятии коронавирус «COVID-19» безараргардонии биноҳои маъмурӣ, утоқҳои корӣ, роҳравҳо дар кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ҷаббор Расулов дизенфексияи профилактикӣ бо маҳлулҳои биохимикӣ амалӣ гардонида шуд. Дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ҳамарӯза пеш аз ба ҳудуди корхона даромадан дастони кормандон ва шахсони муроҷиаткунанда бо маҳлулҳои антисетикӣ безарар гардонида мешаванд ва ҳамчунин бе ниқоб даромадани онҳо қатъин ман карда шудааст.Инчунин дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID – 19» риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби масъули кормандон ва волонтёрон бовусъат идома дорад.




Саломатии миллат – аз саломатии ҳар як шахс сарчашма мегирад!

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати сироятёбии сокинон ба бемории нави коронавирус (COVID-19) имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷаббор Раулов тадбирҳои безараргардонӣ бомаром ҷараён дорад. Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар кӯчаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, манзили зист ва роҳраву гулгаштҳо корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуд. Инчуниндар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хона нишастан, бе зарурият ба кӯча набаромадан, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ҳамарӯза бовусъат давом дорад.




ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Иқдоми навбатии хайрандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов амалан ҷонибдорӣ меёбад. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Тазаккур бояд дод, ки ин ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида қарор ёфтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоту сохторҳои марбута, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия алҳол тамоми воситаю имконояти мавҷудаю дастрасро барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи “COVID-19”, фароҳамсохти шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот равона кардаанд.