Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ

Санаи 3-уми апрели соли 2020 роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод ва деҳоти Ғӯлакандоз ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар рафти боздид аз корҳои сохтмонии нуқтаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ошхона, ҳаммом, дорухона, бунгоҳи тиббӣ дидан намуданд. Ҳамчунин аз фаъолияти кӯдакистонҳои №4 ва №19, гимназияи №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, беморхонаи марказии ноҳия ва осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳия дидан намуданд. Инчунин Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ доир ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз раисони Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва деҳоти Ғӯлакандоз, масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, таъкид намуд, ки иҷрои нақшаҳо дар муҳлати тасдиқгардида таъмин карда шаванд. Доир ба ҳаллу фасли муаммову камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, баҳри иҷрои нақша ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои нақшаҳои иловагӣ вазифагузорӣ карда шуд.




Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

3 апрели соли 2020 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

-Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Боварии комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то генерал минбаъд низ дар таҳкими амнияти давлату миллат саҳми шоиста гузошта, марзҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд, – таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ то имрӯз садҳо нафар ҷавонони ватандӯст ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, омодагии хешро барои адои хизмати ҳарбӣ баён доштаанд. Имрӯз бошад гуруҳи калони даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Аз чеҳраи хандон ва тинату рафтори ҳар як нафари ҳозиршуда аён буд, ки ҷавонон хизмат кардан барои Модар-Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.




Ободонӣ пешаи мардуми халқи тоҷик

Санаи 2-уми апрели соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
31-уми марти соли 2020 таҳти №24/10-15 маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ,
директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора
Кенҷа ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ  иштирок
намуданд. Ҳамчунин дар маҷлис  Холиқзода
Малоҳат муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ,
раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия,
ҳамчунин шахсони ба масъалаи рӯзнома таълуқ дошта иштирок намуданд.

Дар маҷлиси мазкур ду масъала доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои безараргардонидании манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо, омодагии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо ҷиҳати пешгирии бемории короновирус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.