Пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон ҳадафи асосӣ

Санаи 1-уми апрели соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати прокурори ноҳия  доир гардид. Дар он ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қонунгузориҳои дигари ҷорӣ, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ва ҷинояткориро дар байни ноболиғон ҷавонон ба танзим медарорад, дар фаъолияти шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва гуруӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар ноҳия дар соли 2019 ва 3 моҳи аввали соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, прокурори ноҳия, сардори шуъбаи Раёсати КДАМ ҶТ дар ноҳия, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия, сардори нозироти андози ноҳия, сардори гумруки ноҳия ва ҳамчунин шахсони ба масъалаи рӯзнома таълуқ дошта иштирок намуданд.




Оғози кишти пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти пахта шуруъ намуданд.

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия ширкат варзид.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, хоҷагии деҳқонии “Яккатут”  99,63 гектар замини корам дорад, ки  дар 53,5 гектари он кишти пахтаи навъи «Эдесса»дар  назар аст.

Дар 0,5 гектар кишти каду ба нақша гирифта шуда, дар 19,43 гектар гандум, 7 гектар беда, 4 гектар сабзовот кишт шудааст. Хоҷагӣ ҳамчунин дорои 15,2 гектар боғот буда, ҳамасола даҳҳо тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ карда мешавад.

Раиси вилоят ба кишти пахта дар ноҳия оғоз бахшида, ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тавсияҳо дод.




Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 31-уми марти соли 2020 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшида шуд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ҷойгир буда, дар масоҳати 0,5 гектар қомат хоҳад афрохт. Он тибқи лоиҳа аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳазорҳо иншооти нав ба истифода дода мешавад. Бинои сохташаванда яке аз чунин иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, он бо дастгирии аъзои ҳизб ва саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бунёд мегардад.