Аёдат дар арафаи Иди Саиди Қурбон

image_pdfimage_print

Дар арафаи Иди Саиди Қурбон тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 19 июли соли 2021 таҳти №375-7/15тф ва дар доираи даструри супоришҳои раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо сарварии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр Султон аз як чанд оилаҳои шаҳидони сохти Конститутсионӣ, сарбозони, ки дар вақти адои хизмат маҷрӯҳу ҳалок гашта, ҷанговарони байналмилал ва иштирокчиёни рафъи садамаи “Чернобил” дидан намуда, онҳоро бо маводҳои хӯрока аёдат намуданд. Аёдатшудагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.