Санаи 11 январи соли 2025 Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо ҳамроҳии роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони маъюб Наҷмиддинов Исломиддин ва Наҷмиддинов Ҷасурбек маъюби гурӯҳи якум сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандозро аёдат намуданд.
Боиси зикр аст, ки аёдати маъюбон ва камбизоатон ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида мешавад.
Аёдатшудагон аз ин иқдомҳои нек хушҳол гашта ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.
