АЁДАТИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ МОДАР”

image_pdfimage_print

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд санаи 8 марти соли 2025 ба муносибати “Рӯзи Модар” Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, оилаи камбизоатро аёдат намуданд.
Бо аёдатшаванда Раиси ноҳия суҳбати самимӣ намуда, зикр карданд, ки оилаҳои камбизоат ҳама вақт зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат қарор дошта, давлату Ҳукумат барои зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.
Ба аёдатшаванда бахшида ба “Рӯзи Модар” аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов гули тару тоза, кӯмакҳои молиявӣ ва маҳсулотҳои озуқаворӣ ҳадя гардид.
Аёдатшуда аз чунин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи доимӣ ба роҳбарияти давлат изҳори миннатдорӣ баён намуд.