Аёдати сарбозон дар арафаи Соли нав

image_pdfimage_print

Нимаи дуюми санаи 30 декабри соли 2022, дар арафаи Соли Нави мелодӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов сарбозону афсарони қисми ҳарбии воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро аёдат намуд.
Дар ибтидо Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Соли Нави мелодӣ табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расониданд.