АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, собиқадори меҳнат Тусматов Урмонро аёдат намуданд.

Қобили қайд аст, ки аёдатшуда Тусматов Урмон соли таваллудаш 13 майи 1945, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.Номбурда, ҳамчун деҳқон фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1970 оғоз намуда, зиёда аз 40 сол дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҳоҷагии “Ленин” ҳамчун мироб, деҳқон фаъолияти пурсамар намудааст.

Аёдатшаванда – Тусматов Урмон 81 сола, соҳиби 6 фарзанд -1 писару 5 духтар, 17 нафар набера ва 8 абера мебошад. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо собиқадори кишоварзӣ Тусматов Урмон суҳбати самимӣ доир намуда, аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни фархундаи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расуловро тақдим намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони соҳаи кишоварзӣ қадршиносӣ карда мешавад.

Дар навбати худ аёдатшуда ба ғамҳориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва барои шукуфоии ватани азизамон даст ба дуо бардошта, хусусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён намуд.