Санаи 17 феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ҳамчун анъанаи хоси ниёгон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз собиқадори соҳаи маориф Саматова Мақсударо аёдат карда, аз ҳолу аҳволи аёдатшаванда бархурдор гардиданд.
Саматова Мақсуда, соли таваллудаш 14 сентябри соли 1958, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия мебошад. Зиёда аз 35 сол дар соҳаи маориф ва хизматчии давлатӣ фаъолияти пурсамар намудааст.Солҳои 1975-1998 омӯзгори фанни география дар гимназияи №1-и ноҳия, солҳои 1998 – 2010 директори гимназияи №1-и ноҳия, 2010-2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 2015-2016 раиси ҷамоати Ғӯлакандоз фаъолият кардааст. Аз соли 2016 то инҷониб нафақахӯр мебошад.
Собиқадори соҳаи маориф – Саматова Мақсуда дар давоми фаъолияти корӣ – соли 2000 бо мукофоти соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2014 бо Сипосномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардидааст.Соҳиби 2 фарзанд (1 писару 1 духтар), 9 набера мебошад.Писараш Ҷабборов Баширбой – соли таваллудаш 1986 дар муҳоҷирати меҳнатӣ – Федератсияи Руссия қарор дорад.
Зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи маориф Саматова Мақсуда Раиси ноҳия таъкид доштанд, ки хизматҳои собиқадорони кормандони соҳаи маориф дар ҷодаи тарбия намудани насли наврасон назаррас буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Аёдатшуда дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳи доимӣ изҳори сипос намуда, ба корҳои минбаъда дар эъмори давлатдории навини миллӣ ба Пешвои муаззами миллат барору комёбӣ таманно намуд.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи маориф Саматова Мақсуда маводи хӯрокворӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.





