АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ МУҲТАРАМ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

image_pdfimage_print

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати модарону бонувон арҷ гузошта, зикр доштаанд, ки “Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунандаи фарзанд, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”. Таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти вилоят ва ноҳия аст, ки занону модарони барӯманд ва онҳое, ки барои ободии диёр саҳм гузоштаанд мунтазам қадрдонӣ ва аёдат карда мешаванд.
Бо чунин ҳошия санаи 8 марти соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бахшида ба “Рӯзи модар” истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия, собиқадори соҳаи маориф Фаттоева Уғилҷонро аёдат намуданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат собиқадори соҳаи маориф Фаттоева Уғилҷонро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрику шодбош намуда, ба ӯ аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода гулҳои тару тоза ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳадя карданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек таъкид намуданд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони соҳаи маориф қадршиносӣ шуда, кору пайкори шахсони соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром барои дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавонон дар оянда хизмат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки Фаттоева Уғилҷон истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия 83 сола буда, фаъолияташро соли 1960 аз даври донишҷӯияш оғоз гардида, зиёда аз 15 сол дар соҳаи маориф ҳамчун омӯзгори ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ва 21-и ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намудааст.
Соҳиби 8 фарзанд, 47 набера ва 39 абера мебошад.Модари нексиришту бохирад Фаттоева Уғилҷон аз чунин иқдоми некбинонаи Раиси ноҳия бо изҳори сипоси беандоза аз роҳбарияти давлату Ҳукумат қаноатмандиву хурсандӣ баён намуда, бо дуои модарона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландиву хушбахтӣ, тансиҳативу комгорӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно намуд.