АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 20 августи соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ҳамчун анъанаи хоси ниёгон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори соҳаи тандурустӣ Эгамбердиев Акбарбердӣ истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандозро аёдат намуданд.
Аёдатшуда Эгамбердиев Акбарбердӣ соли таваллудаш 24 ноябри соли 1956, Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки Эгамбердиев Акбарбердӣ умри худро дар сарфи соҳаи тандурустӣ ҷиҳати хизмат ба мардум адо намудааст.
Мавсуф соли 1979 Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, зиёда аз 45 сол дар соҳаи тиб фаъолияти пурсамар намудааст.
Чун табиби асабшиноси кӯдакона ва духтур оид ба модару кӯдак фаъолият бурда, дар давоми фаъолияти кориаш барои пешрафти соҳаи тандурустии ноҳия, беҳтар гаштани базаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳо саҳми босазо гузоштааст.
Солҳои 1980-1982 духтури бачагонаи маҳаллии Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, аз соли 1982 то соли 1986 мудири маслиҳатгоҳи бачагона дар Маркази саломатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 1986-1995 муовини сартабиб оид ба ҳифзи солими модар ва кӯдак дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 1995-2009 сартабиби Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, солҳои 2009-2016 сартабиби Маркази саломатии деҳоти Ғӯлакандоз кору фаъолият намуда, аз соли 2016 то инҷониб табиби асабшиноси кӯдакона дар Маркази саломатии деҳоти Ғӯлакандоз кору фаъолият мекунад. Соҳиби 4 фарзанд (4 духтар), 14 набера ва 4 абера мебошад.
Собиқадори соҳаи тандурустӣ Эгамбердиев Акбарбердӣ барои хизматҳои шоёнаш бо як қатор Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қадрдонӣ гардидааст.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи тандурустӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.Эгамбердиев Акбарбердӣ дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳи доимӣ изҳори сипос намуда, ба корҳои минбаъда дар эъмори давлатдории навини миллӣ ба Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбӣ таманно намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода пайваста аз шароити зисту зиндагонии собиқадорони ноҳия воқиф буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зиндагони пайваста тадбирҳои заруриро рӯи кор меоваранд.