АЁДАТИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ СОБИҚАДОР БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

image_pdfimage_print

Санаи 4 марти соли 2026 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба муносибати Рӯзи Модар чанде аз занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат намуданд.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷумла ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, собиқадори иззатманд – собиқадори соҳаи маориф Ибрагимова Муборакро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рӯзи Модар самимона табрик гуфтанд.

Ибрагимова Муборак Исроиловна соли таваллудаш 7 декабри соли 1954, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, деҳаи Ғӯлакандоз мебошад. Зиёда аз 30 сол дар соҳаи маориф саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1978 то соли 2007 дар МТМУ№20 ҳамчун омӯзгори таърих ва ҳуқуқ фаъолият намудааст. Соли1996 ба мукофоти давлатӣ “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардидааст. Аз соли 2007 то инҷониб нафақахӯр мебошад. Ибрагимова Муборак Исроиловна дар давоми фаъолияти корӣ – бо Сипосномаҳои Раиси вилоятӣ ва ноҳиявӣ қадрдонӣ гардидааст. Соҳиби 5 фарзанд (3 писару 2 духтар), 19 набера ва 7 абера мебошад.

Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа мебошад.

Воқеан ҳам модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.

Маҳз, ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Қайд карда шуд, ки занону модарон бо худфарсоиву ҷоннисорӣ ва муҳаббату меҳрубонӣ илова бар тарбияи насли ояндасоз барои пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош мекунанд.Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба аёдатшуда Ибрагимова Муборак гулҳои тару тоза ва туҳфаҳои идона тақдим карда, ба собиқадор тани сиҳату хотири ҷамъ ва хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуданд.

Аёдатшуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба бонувон, бахусус занони собиқадор арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда низ баҳри тарбия, насиҳат ва роҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.