Бо такя ба сиёсати инсондӯстона ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар 7-уми марти соли 2025 баён доштанд, санаи 8 марти соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати шабонарӯзӣ, хизматҳои шоистаи занону модарон ба Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия ташриф оварда, собиқадори соҳаи маориф Раҳимова Дилбарро аёдат намуданд. Дар мулоқоти самимӣ Раиси ноҳия бо собиқадори соҳаи маориф Раҳимова Дилбар аз вазъи саломатӣ, шароити зиндагӣ ва ба фаъолияти чандинсолаи ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат арҷгузорӣ ва қадршиносии занону модарон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, инчунин дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дорад.
Тавре Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо занону модарон рӯзи 7-уми марти соли 2025 иброз намуданд: “Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям.
Зеро онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд карданд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки собиқадори соҳаи маориф Раҳимова Дилбар истиқоматкунандаи деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар соҳаи маориф зиёда аз 40 сол ҳамчун омӯзгори забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Ҷаббор Расулов софдилона меҳнат карда, дар пешрафту ободии диёр ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба собиқадори соҳаи маориф Раҳимова Дилбар ба муносибати “Рӯзи модар” табрику таҳният карда, барои хизматҳои содиқонааш изҳори сипос намуданд ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тақдим карда шуд.Аёдатшуда- Раҳимова Дилбар аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри пешрафту ободӣ ва пояндагии сулҳу осоиштагии кишвар дасти дуо бардошт.
