БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛХОНАИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ОИЛАИ КАМБИЗОАТ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ ГАРДИД

image_pdfimage_print

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар ҳудуди ноҳия гуруҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббусҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат баҳраманд мегарданд.

Бо чунин ҳошия, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия оилаи камбизоат Шомуродова Гулмира аёдат гардида, ба ӯ кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ, ба фарзандонаш лавозимотҳои дарсӣ ва хонаи истиқоматӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Шомуродов Шоир – ҳамсари аёдатшуда, маъюби гуруҳи 1 ва аёдатшуда Шомуродова Гулмира истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, соҳиби 3 фарзанд – 2 писар ва 1 духтар мебошад. Ҳангоми аёдат ва ба даст гирифтани калити хонаи нави истиқоматӣ аёдатгардида Шомуродова Гулмира ва аҳли фарзандонаш бо ҳазор хурсандиву шодӣ шукронаи Ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дуои нек карданд.

Мавриди зикр аст, ки дастгирии оилаҳои ниёзманд на танҳо дар арафаи таҷлили ҷашнҳо роҳандозӣ карда мешаванд, балки чунин иқдом пайваста аз ҷониби роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ карда шудааст.