БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ғамхорӣ фаро гирифтани чунин қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Санаи 27 ноябри соли 2024 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба манзили истиқоматии оилаи камбизоат Бобоев Исомаддин, ки истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сомониён мебошад, ташриф оварданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Бобоев Исомаддин моҳи июли соли равон ба рӯзи қабули шаҳрвандони Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, барои сохтмони хонаи истиқоматӣ муроҷиат намуда буд.

Бо ин иқдом дар баробари бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия инчунин бо дастгирии шахсони саховатманду соҳибкорони деҳа ба Бобоев Исомаддин, ки оилаи камбизоату бесарпаноҳмонда ба ҳисоб меравад хонаи истиқоматӣ иборат аз ду хона ва долон сохта бо тамоми ҷиҳоз ва дигар ашёи рӯзгор таъмин шуда, аз ҷониби Раиси ноҳия тақдим ва ба истифода дода шуд.

Бобоев Исомаддин барои чунин ғамҳориҳо дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кӯмакҳои саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид барои зиндагӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуд.